IQNA

 Муаррифии тафсир ва муфассирон / 18

Тафсири Софӣ; Тафсире бо меҳварияти ривояти маъсумин (а)

19:37 - September 13, 2023
рақами хабар: 456
Теҳрон (ИКНА) Файзи Кошонӣ дар китоби “Софӣ”, ба тафсири Қуръон бо меҳварияти ривояти маъсумин (а) пардохтааст, ки ба далели ихтисор ва ҷомеият, ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон будааст.

Тафсири “Софӣ” таълифи Мулло Муҳсини Файзи Кошонӣ, асари тафсирӣ аст, ки бештар аз равиши тафсири равоӣ бо истифода аз манобеи шиа ва аҳли суннат баҳра бурда ва ба иллати ихтисор ва ҷомеият, дар замонҳои мухталиф мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Марҳуми Файзи Кошонӣ дар ин асар саъй дошта, тафсири пироста аз андешаҳои гуногун арза кунад ва аз ин рӯ номи “Софӣ”-ро барои он баргузидааст. 

Зиндагии Файзи Кошонӣ

Мулло Муҳсини Файзи Кошонӣ (1598-1680 мелодӣ, 1007 - 1090 ҳиҷрии қамарӣ) яке аз ҳалқаҳои дониш, маърифат ва ирфони қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ ва қарни 17 мелодӣ аст, ки беш аз дивист асар дар риштаҳои гуногун аз худ барҷой гузоштааст. Муаллиф мутаваллид ва мутаваффо дар Кошон аст.

Мулло Муҳсин пас аз тайи муқаддамот, ба Шероз рафт ва аз маҳзари ду устоди бузурги аҳди худ, Сайид Моҷиди Содиқии Буҳронӣ ва Мулло Садро баҳра гирифт.

Ангезаи таълифи тафсири софӣ

Тафсири Софӣ яке аз маъруфтарин тафосири шиӣ аст, ки ба забони арабӣ буда ва Файзи Кошонӣ дар он ба тафсири тамоми оёти Қуръон ва зикри ривояти тафсирии онҳо пардохтааст. Ин тафсир дорои муқаддимаи арзишманд аст, ки муаллиф дар он дидгоҳҳои хешро баён карда ва таҳлил ва баррасии он метавонад раҳёфт, мабонӣ ва равишҳои тафсирии муҳаққиқ Файзро ошкор созад. 

Тибқи равиши куллӣ, ки ин нависанда дар тафсири Қуръон, ибтидо сураҳоро бо номи сура, баёни макӣ ё маданӣ будан ва теъдоди оёти он оғоз мекунад. Сипас барои тафсири оёт ба сӯроғи оёти муҳкам, баъд аз он ривоёти кутуби мӯътабари шиа ва пас аз он сӯроғи масодири аҳли суннат барои нақли ривояти маъсумин (а) меравад. Дар канори он шаъни нузул, луғат, қироат ва аъроби оётро низ баён медорад ва дар ниҳоят ривояте дар фазли сура ва савоби қироати он нақл мекунад. Ривоятро бо зикри марҷаъ ва бидуни санад нақл мекунад. Дар мавориде низ марҷаъи ривоятро зикр накардааст. Дар баъзе маворид фақат ба нақли мақтаъи мавриди назар басанда карда ва аз нақли бақияи ривоят иҷтиноб кардааст. Гоҳе низ ба таҳлил ё ҷамъ ё тавҷеҳи ривоят мепардозад.

 

captcha