IQNA

Мусобиқаи 10 Ҳофиз дар рӯзи сеюми озмуни Шайха Фотима Дубай

18:30 - September 20, 2023
рақами хабар: 478
Дубай (ИКНА) севумин рӯз аз ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Шайха Фотима бинт Муборак дар Дубай шаби гузашта, 19 сентиябр шоҳиди рақобати 10 мутасобиқи зан аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон буд.

Дар севумин рӯз аз ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Шайха Фотима бинт Муборак, ки дар салони конфронси фарҳанг ва илм дар минтақаи Ал-Мамзари Дубай баргузор мешавад, 10 ширкаткунанда аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ҳузури ҳайати доварони байналмилалӣ ба рақобати танготанг бо якдигар пардохтанд.

Молик бинти Низор ал-Ҳашиша аз Тунис субҳ дар муқобили ҳайати доварон ҳозир шуд, вай дар риштаи ҳифзи Қуръон ба ривояти Қолун дар мусобиқа ширкат кардааст.

Фотима Муҳаммад аз Нигерия, Ясмина Дексага аз Буркинофосу, Умми Кулсум Юнусова аз Тоҷикистон ва Адила бинти Абулҳудо аз Шри-Ланка дар бахши ҳифзи Қуръон ба ривоят Ҳафс ба рақобат пардохтанд.

Зуҳайра Муҳаммад Абдуллоҳ аз Сомалӣ, Муслиҳа Ҷамолуддин аз Индонезия, Ҳави Бог аз Гамбия, Ҳаво Абдулрауф Яъқуб аз Африқои Марказӣ ва Насиба Ҳақ Фоиза низ баъд аз зуҳр ва дар бахши ҳифзи Қуръон ба ривояти Ҳафс ба рақобат бо ҳамдигар пардохтанд.

Мутасобиқон ва ҳамроҳони онҳо дар ҳошияи ин мусобиқоти байналмилалӣ аз музаи «السلام علیک یا رسول‌الله» (Ассалому Алайка ё Расулаллоҳ) боздид карданд. 

Мутасобиқон ва бархе аз аъзои ҳайат доварон аз талошҳои фаровони кумитаи баргузорӣ дар ин мусобиқот ва ҳамчунин талош барои афзоиши фаъолитяҳои Қуръонии бонувон қадрдонӣ карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4169752

captcha