Теҳрон (ИКНА) Худованд дар сураҳои мухталифе ба рӯзи қиёмат таъкид доштааст ва ба инкоркунандагони рӯзи қиёмат ҳушдор додааст. Аммо дар яке аз сураҳои Қуръон 10 бор ин ҳушдор такрор шудааст, ки нишон аз ҷиддӣ будани ин таҳдид дорад.

Ҳафтоду ҳафтумин сураи Қуръони Карим “Мурсалот” ном дорад. Ин сура бо 50 оят дар ҷузъи 29 қарор гирифтааст. Сураи Мурсалот, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, сӣ ва севумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шуд.
Ин сураро Мурсалот (ба маънои фиристодагон) номидаанд; Ба далели онки дар оғози сура ба онон савганд ёд шудааст. “Мурсалот” ҷамъи “мурсал” ба маънои фиристодашудагон аст. Манзур аз Мурсалот ё фариштгон ҳастанд, ки ваҳйро ба Паёмбар мерасонданд ва ё тундбодҳое ҳастанд, ки фиристода мешуданд.
Худованди Мутаол дар ин сура ба панҷ чизи бисёр муҳим қасам хӯрдааст. «و المرسلت عرفا؛ فالعصفت عصفا؛ و النشرات نشرا؛ فالفرقت فرقا؛ فالملقیت ذکرا: “Савганд ба фариштгоне, ки пай дар пай фиристода мешаванд; Ва онҳо, ки ҳамчун тундбод ҳаракат мекунанд; Ва савганд ба онҳо, ки (абрҳоро) мегустаронанд, ва мунташир месозанд; Ва онҳо, ки ҷудо мекунанд; Ва савганд ба онҳо, ки оёти бедоркунандаи (Илоҳи)-ро ба (Анбиё) илқо менамоянд”. (Мурсалот / 1 то 5)
Сураи Мурсалот бо таъкиди зиёд бар вуқӯъи қиёмат ва нишонаҳои он ва ҳамчунин баёни бахшишҳои Худованд ба инсон, дар мавриди корҳо ва нишонаҳои муҷримон ва некӯкорон ва сарнавишти ниҳоӣ ҳар ду гурӯҳ сухан мегӯяд. Ин сура таъкиди худ бар қиёматро бо таҳдиди шадиди инкоркунандагони рӯзи қиёмат ҳамроҳ мекунад. Ҳарчанд дар сураҳои мухталифе ин таҳдид сурат гирифтааст, аммо дар ин сура беш аз соири сураҳо ҳушдор ва таҳдид сурат гирифтааст то ҷое, ки дар ин сура даҳ бор иборати ویل یومئذ للمکذبین “Вой дар он рӯз бар такзибгарон” омадааст, ки ба назар мерасад итмоми ҳуҷҷате бар такзибкунандагони рӯзи қиёмат бошад.
Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, рӯзи қиёмат бо ҳаводисе ҳамроҳ аст, ки нишон аз инқирози дунёи инсонӣ дорад. Ба бовари ӯ оёти 8 то 12 сураи Мурсалот низ ба бархе аз ҳаводиси рӯзи қиёмат аз ҷумла торик ва маҳв шудани ситторагон, шикофта шудани осмон ва канда шудани кӯҳҳо ишора дорад, ки нишонаҳое аз инқирози зиндагии инсонӣ аст.