Ба гузориши ин манбаъ, пойгоҳи хабарии радиои арабии Теҳрон, аз роҳандозии ҳаракати ҷаҳонии дифоъ аз Қуръон дар муқобила бо такрори иҳонти бархе ифротгароёни ҷинояткор дар Шветсия ва Дания ба соҳати муқаддаси китоби Худо хабар дод.
Радио арабии Теҳрон эълом кард: «дар чорчуби суханронии Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо дар даст доштани Қуръони Карим тавҳин ба ин китоби Худоро маҳкум кард, радио арабии Теҳрон ҳештаги (#لن_يحترق_أبدا) "#Ҳаргиз_нахоҳад_сухтро" роҳандозӣ кардааст.
Радио арабии Теҳрон вобаста ба Созмони радио ва телевизиони Эрон дар ин ҳаракати ҷаҳонӣ аз ҳаводорони худ хост то дарҳоле, ки нусхае аз Қуръони Каримро дар даст доранд аз худ акс ё филм бигиранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳаштаги (#لن_يحترق_أبدا) ба иштирок бигузоранд.
Ин радио эълом кард, ки аксҳо ва филмҳои ирсолӣ бо номи ширкаткунандагонро дар веб-сайт ва шабакаҳои иҷтимоӣ худ мунташир хоҳад кард.
Радио арабии Теҳрон барои алоқамандон ба ширкат дар ин ҳаракат, адресҳои зерро мушаххас кардааст:
whatsapp: 00989926038802
telegram: 00989388784050
instagram: @tehranarabic
facebook: radioarabic