
Ҳаштодумин сураи Қуръони Карим “Абаса” ном дорад. Ин сура бо 42 оят дар ҷузъи сиюми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. “Абаса”, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, бисту чаҳорумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Ин сураро “Абаса” меноманд чун бо калимаи Абаса ба маънои “чеҳра дар ҳам кашид” оғоз шудааст.
Ҳадафи ин сура, ҳушдор ва хашмгин шудан нисбат ба касоне аст, ки ба сарватмандон бештар аз заифон ва бенавоён таваҷҷуҳ мекунанд; Ба аҳли дунё эҳтиром мегузоранд ва аҳли охиратро беарзиш медонанд. Баъд аз ин сарзаниш ва хашмгин шудан, сухан аз беарзиш будан ва паст будани инсон дар хилқаташ ва инки дар масоили мухталифи зиндагӣ ба таври комил ниёзманд ва вобастааст ба миён меояд. Бо ин ҳол дар баробари неъматҳои Парвардигор ва тадбири Ӯ носипосӣ мекунанд. Дар ин сура аз мароҳили хилқати инсон ва неъматҳои Худо ва зиндагӣ дар замин ва сипас қиёмат ва чеҳраҳои хандон ва андӯҳгини инсонҳо дар охират сухан ба миён омадааст.
Сураи Абаса дар айни кӯтоҳӣ аз масоили мухталифе баҳс мекунад ва такяи хоссе бар масъалаи маод дорад. Мӯҳтавои онро дар панҷ мавзӯъ метавон хулоса кард:
Яке аз шигифт ангезтарин оёте, ки дар ин сура омада, тасвире аз рӯзе аст, ки инсонҳо аз якдигар фирор мекунанд, ҳатто аз наздиктарин азизони худ: يَوْمَ يَفِرُّ الْمَرْءُ مِنْ أَخِيهِ وَ أُمِّهِ وَ أَبِيهِ وَ صَاحِبَتِهِ وَ بَنِيهِ; “Рӯзе, ки одамӣ аз бародараш ва аз модараш ва падараш ва аз ҳамсараш ва фарзандонаш мегурезад” (Абаса / 34 то 37)
Дар тафосир гуфта шудааст ин оёт, нишондиҳандаи шиддати рӯзи қиёмат ва ҳавл ва ваҳшате аст, ки он рӯз дар дили инсонҳо афтодааст. Дар он рӯз натанҳо наздиконашро фаромӯш мекунад, балки аз онон фирор мекунад. Аллома Таботабоӣ иллати фирори инсон аз хешон ва наздиконашро дар қиёмат шиддат гирифториҳо ва сахтиҳои он рӯз медонад, ки одамиро аз фикркардан дар бораи ҳар чизе ҷуз раҳои худаш боз медорад.