IQNA

Олими мисрӣ: бақои насли Аҳлу Байт (а) мӯъҷизаи илоҳӣ аст

21:27 - September 28, 2023
рақами хабар: 510
Миср (ИКНА) Шайх Алӣ Ҷумъа, узви ҳайати уламои аршади Миср бо таъкид бар тавотури ҳадиси Сақалайн, бақои насли Аҳлу Байт (а)-ро мӯъҷизаи илоҳӣ тавсиф кард.

Ба гузориши манбаъ, Шайх Алӣ Қумъа, муфтии собиқи Ҷумҳурии Миср ва узви шӯрои уламои аршади ин кишвар таъкид кард, ки бақои насли Аҳлу Байти Паёмбар (с) як мӯъҷизаи илоҳӣ ва муайиди мавлои мо, Муҳаммад (с) хотами Анбиё ва Паёмбарон аст.

Шайх Ҷумъа дар дар Фейсбуки худ гуфт: мавлои мо Расули Худо (с) паёмро иблоғ кард ва ҳақиқатро гуфт ва ин Парвардигори осмонҳо ва замин буд, ки аз болои ҳафт осмон ва аз фарози Арши азим Набуввати ӯро тасдиқ кард.

Шайх Ҷумъа ба ҳадиси Сақалайни Паёмбари Акрам (с) ишора кард, ки китоби Худованд ва Итрати Аҳлу Байт (а)-ро ду чизи гаронбаҳо тавсиф кард, ки дар байни мардум ба амонат гузоштааст ва таъкид кард, ки бисёре аз уламои мусулмон дар кутуби машҳури худ ба он пардохтаанд.

Муфтии собиқи Миср гуфт: ҳазрати Расули Акрам (с) ба яқин медонист, ки насли ӯ аз ду наводааш Ҳасан ва Ҳусайн (а) тамоми заминро аз машриқ то ғарби он фарохоҳад гирифт.

Вай тасреҳ кард: Имом Ҳасан (а) дар маърази заҳр қарор гирифт ва ба шаҳодат расид ва Имом Ҳусайн (а) кушта ва ба шаҳодат расид, аммо Худованди Мутаол Имом Алӣ Зайнул Обидин, фарзанди Имом Ҳусайн (а)-ро наҷот дод, ҳамонгуна, ки Ҳасанулмусанно ва бародараш Зайдул Аблаҷ, фарзандони Имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро наҷот дод ва аз ин се инсони пок ва покиза, насл ва аввалоди шариф зода шуд. 

Шайх Ҷумъа дар поёни суханони худ гуфт: ончи аз бақои сибти Паёмбар ва аввалоди ӯ мебинем, ҷуз бо инояти илоҳӣ нест.

https://iqna.ir/00HVBA

captcha