Ба гузориши манбаъ, равобит умумии Маҷмаъи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ, доктор "Муҳаммад Нурдуғон" узви ҳайати илмии донишгоҳи Фотеҳи Туркия дар сию ҳафтумин конфронси байналамилалии Ваҳдати Исломӣ зимн қадрдонӣ аз баргузоркунандагони конфронс аз ҷумла дабири кулли Маҷмаъи Тақриб, изҳор дошт: сулҳи ҷаҳонӣ бисёр масъалаи муҳимме аст ва аз назари ояндаи дунёи Ислом, як фаъолияти стратегӣ маҳсуб мешавад.
Вай изҳор дошт: асосан Худованд, мусулмононро бародари якдигар номида ва гуфтааст: «إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ» дар тафҳими Ислом ва сулҳи бузурги ҷаҳоние, ки Худованд ба он амр карда, масъалаи ухувват, масъалаи бисёр муҳимме аст ва агар мӯъминин бо якдигар бародар набошанд, муҷодила дар роҳи хайр ҳам имконпазир нахоҳад буд.
Вай хотирнишон кард: сиёсатҳои ҷаҳонии шайтони бузург Амрико ва Исроил, ҳимоят ва баст ва таҳрики терроризм ва талош барои эҷоди фасод бар рӯи замин аст ва дар ин ҳолат бузургтарин монеъи пеши рӯи ухуввати исломӣ ба маънои воқеӣ, терроризм ва ифрот аст; Ифрот ва терроризм дар воқеъ ҳам таодули фардии инсонҳо ва ҳам ҷавомеаро барҳам мезанад ва монеи дуруст фикр кардан ва дуруст амал кардан ва ҷараёни зиндагӣ дар чорчуби як робитаи солим мешавад.
Доктор Абдулборӣ Рошид, устоди донишгоҳҳои Афғонистон, дар панҷумин вебинари сию ҳафтумин Конфронси байналамллии Ваҳдати Исломӣ хотирнишон кард: Қуръони Азимушшаън ва Каъбаи Мукаррама ва Паёмбари Гиромии Ислом, Аҳлу Байт ва асҳоб аз маҷмӯаи ин арзишҳои комилан муштарак байни ҳамаи уммати исломӣ ҳастанд, ки ҳар як аз ин арзишҳо дар зиндагии амалии мо мусулмонон ҳузур дорад.
Вай соири арзишҳои муштарак байни тамоми уммати исломиро калимаи Аллоҳ, фаризаи ҷиҳод фи сабилиллоҳ ва хидмат ба халқи Аллоҳ ва муҳиммтар аз ҳама дифоъ аз тамоми мазлумон ва мустазъафин курраи замин ва барқарории адолат бар рӯи замин ва ҳамчунин сохтани як низоми қудратманди ҷаҳонӣ таҳти сайтараи Ислом донист, ки мутаассифона ба боди фаромӯшӣ сипурда шудааст.