IQNA

Сураҳои Қуръон / 81

Нишонаҳои қиёмат дар замин

19:03 - September 30, 2023
рақами хабар: 520
Теҳрон (ИКНА) дар бисёре аз китобҳои динӣ ва тафсирӣ таъкид шудааст, ки дар поёни дунё иттифоқоти хоссе бар рӯи замин хоҳад афтод ва ҳама чиз ба ҳам рехта ва нобуд мешавад.

Ҳаштоду якумин сураи Қуръони Карим “Куввират” ном дорад. Ин сура бо 29 оят дар ҷузъи сиюми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Куввират, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул ҳафтумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Таквир ба маънои дарҳам печида шудан ва торик шудан аст. Ин ном аз нахустин ояти ин сура гирифта шудааст. Сураи Таквир дар бораи нишонаҳои қиёмат ва рӯйдодҳои пеш аз растохез, вижагиҳои фариштаи ваҳй (Ҷабраил) ва дидори Паёмбари Акрам бо ӯ, ва ташреҳи ҳақиқати ваҳй ва Қуръони Карим аст.

Мавзӯъи аслии сураи Таквир, ҳушдор ба инсон ва огоҳ кардани ӯ нисбат ба рӯзи қиёмат аст.

Мӯҳтавои сура нишон медиҳад, ки дар авоили даврони паёмбарии Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст; Зеро нисбат ба тӯҳматҳое, ки мушрикон нисбат ба Паёмбари Ислом (с) матраҳ мекунанд вокуниш нишон медиҳад ва Паёмбарро аз ин маворид пок медонад.

Оёти ин сураро метавон дар ду бахш баррасӣ кард: бахши аввал баёни нишонаҳои рӯзи қиёмат ва ҳаводиси он аст; Оёти оғозини сура дар бораи нишонаҳои қиёмат ва тағйироте, ки дар поёни ҷаҳон иттифоқ меафтад сухан мегӯяд; Аз ҷумла дар ҳампечида шудани хуршед, суқути ситторагон, роҳ афтодани кӯҳҳо аз шиддати зилзила ва ваҳшати мардум.

Дар ин бахш аз оёт, дувоздаҳ ҷумлаи шартӣ вуҷуд дорад, ки бар ногаҳонӣ будан ва қатъӣ будани рӯйдодҳо ва ҳаводиси низоми ҷаҳони пеш аз қиёмат таъкид дорад.

Мавзӯъи дувум, баёни бузургии Қуръон ва в вижагиҳои Ҷабраил, фариштаи ваҳй аст; Дар ин бахш, ба таъсири Қуръон бар инсонҳо ишора мекунад. Барои таъкид бар ин масъала Худованд ба ситторагон, шаб ва субҳ ба сурати ҷудогона қасам мехӯрад. Дар ин бахш омадааст Қуръон ба василаи фиристодаи Амин нозил шуда, ки бархилофи иддаои мушрикон, шайтон дар он нуфуз надорад.

Яке аз нукоте, ки дар ин сура метавон дид, ишора ба яке аз расмҳои даврони ҷоҳилӣ дорад; Онгуна, ки мехонем: وَإِذَا الْمَوْءُودَةُ سُئِلَتْ بِأَيِّ ذَنبٍ قُتِلَتْ: “Ва онгоҳ, ки аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад ба кадомин гуноҳ [ба ноҳақ‏] кушта шудааст” (оёти 8 ва 9)

Ин оёт марбут ба яке аз расмҳои даврони ҷоҳилияти аъроб мешавад, ки духтаронро ба далоили мухталиф зинда ба гӯр мекарданд; Аз ҷумла ба далели фақри шадид, арзиш надоштани зан ба унвони инсон ва тарс аз беобрӯӣ. Тибқи китобҳои таърихӣ ва тафсирӣ, дар даврони ҷоҳилият, ҳангоме, ки мавқеъи зоюмони зан фаро мерасад, гудоле дар замин меканданд то зан болои он бинишинад. Агар навзоди ба дунё омада духтар буд, онро ҳамонҷо ва дар ҳамон гудол зинда ба гӯр мекарданд ва агар писар буд, онро нигаҳ медоштанд.

captcha