IQNA

Муфтии Тунис матраҳ кард:

Ихтилофоти мазҳабӣ дар ростои тасҳили умури уммати исломӣ бошад на фитнаангезӣ 

21:34 - October 02, 2023
рақами хабар: 530
Теҳрон (ИКНА) Шайх Ҳишом ибни Муҳаммад Ал-Мухтор тасреҳ кард: ҷаҳони Ислом имрӯз бештарин ниёзро ба ваҳдат дорад чаро, ки ихтилофоти мазҳабӣ ва фиқҳӣ дар воқеъ барои тасҳил дар умури мусулмонон ва уммати исломӣ аз сӯи Худованд қарор дода шуда ва ин ихтилофот дар воқеъ неъмат аст ва набояд дар хидмати фитна ва ҷанг байни мусулмонон қарор гирад.

Ба гузориши манбаъ, Шайх Ҳишом ибни Муҳаммад Ал-Мухтор, муфтии Тунис бо ҳузур дар дувумин рӯз аз сию ҳафтумин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ субҳи имрӯз суханони худро бо фиристодани дуруд ба Паёмбар (с) шурӯъ кард ва сипас бо табрики Мавлуди Паёмбар аз хушнудӣ ва ифтихори худ барои ҳузур дар ин Конфронс сухан гуфт.

Шайх Ҳишом ибни Муҳаммад Ал-Мухтор, дар идома афзуд: ҷаҳони Ислом имрӯз бештарин ниёзро ба ваҳдат дорад чаро, ки тафовутҳои мазҳабӣ ва фиқҳӣ дар воқеъ барои тасҳил дар умури мусулмонон ва уммти исломӣ аз сӯи Худованд қарор дода шуда ва ин ихтилофот дар воқеъ неъмат аст ва набояд дар хидмати фитна ва ҷанг байни мусулмонон қарор гирад.

Муфтии Тунис бо баёни инки аз донишгоҳи машҳури Зайтуния меояд, ки ҳамвора конуни интишор ва таблиғи Ислом дар шимоли Африқо будааст ба каломи Имом Алӣ (а) ишора ва таъкид кард: ҳамаи мо ошиқи Расули Худо ҳастем ва ин ишқ вафоро дар пай дорад ва вафо низ мунҷар ба ваҳдат мешавад.

Вай дар идома бо ишора ба устоди худ Шайх Муҳаммад Ал-Хоҷа ва нақши ӯ дар тарвиҷ ва эҳёи улуми исломӣ аз Қумҳурии Исломии Эрон барои барпоӣ ин Конфронс ва талош дар ростои таҳаққуқи ваҳдати исломӣ ташаккур кард.

https://iqna.ir/fa/news/4172574

captcha