IQNA

Ҳиҷоб дар маконҳои умумии Қазоқистон мамнуъ мешавад

21:12 - October 07, 2023
рақами хабар: 535
Қазоқистон (ИКНА) давлати Қазоқистон қасд дорад тасвиби қонуни мамнуъияти пӯшидани русарӣ дар амокини умумиро баррасӣ ва дар пӯшиши либосҳои исломӣ бознигарӣ кунад.

Қазоқистон дар назар дорад қавонини худ дар мавриди пӯшидани либосҳои исломӣ ва ҳиҷоб бознигарӣ кунад. 

Ойда Балаева, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон рӯзи ҷумъа, дар як нишасти матбуотӣ дар Остона гуфт, ки мумкин аст истифода аз русарии исломӣ ва ҳиҷоб дар амокини умумӣ мамнуъ шавад.

Ойда Балаева, гуфт, ки мақомот, қавонини феълиро, ки ба гуфтаи ӯ абзори кофӣ барои муқобила бо ифротгароӣ динӣ ва ҷунбишҳои динии ғайри суннатӣ фароҳам намекунад, бознигарӣ ва ба рӯз хоҳанд кард.

Хабаргузории Казинформ ба нақл аз Ойда Балаева навишт: қавонини мавҷуд ҳатто ба «фирқаҳои динии мухарриб» низ намепардозад. Балаева дар посух ба ин савол, ки оё давлат пӯшидани русарии исломӣ ва соири либосҳои мазҳабиро мамнуъ мекунад, посух дод: мо қатъан чунин ҳанҷорҳоеро ҳадди ақал барои фазоҳои умумӣ баррасӣ ва пешниҳод хоҳем кард. Шиносоӣ афрод дар маконҳои умумие, ки чеҳраҳояшон пӯшидааст, бисёр душвор аст.

Вай афзуд: ин вазоратхона рӯи ташдиди муқаррарот дар ин замина кор хоҳад кард. Ин тадобир бо машвирати созмонҳои ғайридавлатӣ ва коршиносон аз ҷумла уламои динӣ тарроҳӣ хоҳад шуд.

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раиси Ҷумҳури Қазоқистон дар суханронии рӯзи панҷшанбе худ дар ҷамъи гурӯҳе аз муаллимон бар аҳамияти секуляризм мундариҷ дар қонуни асосии ин кишвар таъкид кард. Вай гуфт: ин асл бояд дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла омӯзиш ва парвариш ба шиддат риоят шавад.

Бар асоси саршумории соли 2021, тақрибан 65 дарсад аз сокинони Қазоқистон мусулмон ва 20 дарсад масеҳиён ортодокс ҳастанд.

Баҳс бар сари пӯшиши динӣ дар солҳои ахир дар чандин кишвар аз ҷумла Биритониё, Фаронса ва Олмон матраҳ шудааст. Моҳи гузашта, додгоҳи олии Фаронса мамнуъияти истифода аз русарӣ дар мадориси ин кишварро таъйид кард.

captcha