22 август 1922 зодрӯзи устод Абул-Айнайни Шуайшаъ, қории афсонаӣ Миср аст. Агарчӣ манобеи расмии таърихӣ таваллуди вайро 22 август навиштаанд, бо ин ҳол духтари шайх, таърихи дурусти таваллуди ӯро 12 август унвон мекунад. Шахсияте ки бисёре ӯро афсонаи таловати Қуръон ва соҳиби садои оҳанин тавсиф кардаанд. Ин қории бузурги мисрӣ, ки шахсияти машҳур дар ҷаҳони Ислом аст, тиловати Қуръонро аз синини кӯдакӣ оғоз кард ва ба зӯдӣ ба маҳофили қориёни бузурги Миср роҳ ёфт ва дар дарбори Миср, Масҷидулақсо ва бисёре аз кишварҳои исломӣ ба қироати Қуръон пардохт. Ҷойгоҳи вай дар таърихи тиловати Қуръон ба андозаи рафиъ аст, ки бисёре ӯро падидаи такрорнопазир дар қароати Қуръон тавсиф кардаанд.
Устод Абул-Айнайни Шуайшаъ, садои асилӣ дошт ва ҳамонтавр, ки дар улуми мусиқӣ мегӯянд, садо ҳар 10 сол тағйир мекунад ва шакли дигаре ба худ мегирад, савти шайх Абул-Айнайни Шуайшаъ низ ин гӯна буд ва шайх дарёфт, ки садои ӯ шакли дигаре ба худ гирифта, аммо ӯ ба далели истеъдоде ки дошт то замони даргузашти худ ба тиловати Қуръон идома дод.
Садои Абул-Айнайни Шуайшаъро савти оҳанин меномиданд чаро, ки садои асил ва бисёр қудратманде чун оҳан дошт, садое ки бар фарози абрҳо ва бемонанд буд, ин савти асил бо танини беназираш ҳамеша боқӣ хоҳад монад.
Албата бархе савтҳоро садоҳои чубин, номидаанд; садоҳое аст, ки савти мусин номида мешавад ва дар ин миён бархе савтҳо низ садои оҳанин ном доранд ба ин маъно, ки ин садо ҳамонанди тилло аз миёни санги маъдан истихроҷ мешавад. Албата оҳан дар инҷои маънои дигаре низ дорад яъне садое ки танин ва бозтоб дорад.
Бисёре аз қориён талош мекунанд, ки аз сабки тиловати устод Абул-Айнайни Шуайшаъ тақлид кунанд вале фақат талош мекунанд; далели он ҳам инаст, ки устод Шуайшаъ камназир ва тақлид аз ӯ мушкил аст.
Гуфторе аз шайх Аҳмад Фараҷуллоҳ Шазлӣ, қории мумтоз аз Ҷумҳурии Арабии Миср.