IQNA

Дар даҳумин рӯзи "Тӯфони Ал-Ақсо"

11:35 - October 17, 2023
рақами хабар: 580
Ғазза (ИКНА) аз вазъияти буҳронӣ дар бемористонҳои Ғазза то афзоиши талафоти низомиёни саҳюнистӣ.

Бо идомаи ҳамалоти ваҳшиёнаи режими палиди саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, мардуми ин минтақа шабии хунинеро сипарӣ карданд ва теъдоди қурбониён афзоиш ёфт. Аз сӯи дигар сандуқи ҷамъияти Созмони Милал дар Фаластин эълом кард панҷоҳ ҳазор зани бордор дар Навори Ғазза аз дастрасӣ ба хадамоти аввалияи пизишкӣ маҳрӯманд. Ҳамчунин имрӯз режими саҳюнистӣ аз афзоиши талафоти неруҳои низомии худ хабар дод.

Дар даҳумин шаб аз ҳамалоти сангини режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза, ин минтақа шоҳиди шаби хунин буд, ки дар он бомбаборони ваҳшиёнаи ишғолгарони исроилӣ идома ёфт ва боис шуд то шумори кушташудагон ба беш аз 2700 шаҳид бирасад. Ин ҳамалот ҳамчунин то кунун беш аз даҳҳазор маҷрӯҳ барҷой гузоштааст.

Идомаи ин ҳамалот дар ҳоле аст ки муқовимат ҳамчунон бо ҳадафи қарор додани неруҳои ишғолгар дар муҷовирати Навори Ғазза, ба тирборони сарзаминҳои ишғолӣ идома медиҳад.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои ишғолгар ҳамалоти шадидеро ба маҳаллаҳои шарқии шаҳри Ғазза шомили маҳаллаи Зайтун, Шуҷоия шимоли ғарби ин шаҳр анҷом доданд. Гуфта мешавад ин режим дар ин ҳамалот аз бомбҳои хӯшаӣ истифода кардааст.

Шабакаи Алмаёдин гузориш дод минтақаи шарқӣ ва марказии Ғазза низ ҳадафи ҳамалоти тупхонаӣ режими саҳюнистӣ қарор гирифт. Дар айни ҳол ишғолгарон субҳи имрӯз масири мунтаҳӣ ба гузаргоҳи Рафаҳро бомбаборон карданд.

Ҳамчунин клипҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки аҷсоди шаҳрвандоне ки дар натиҷаи таҷовузоти мудовими саҳюнистҳо палид ва ҷинояткор ҷони бохтаанд дар гурҳои ҷамъӣ дафн мешаванд.

Манобеи матбуотӣ низ таъкид карданд, ки шаби гузашта хушунат бортарин шаби Навори Ғазза буд, ки дар маърази ҷанги наслкушии артиши ишғолгар бо истифода аз силоҳҳои маргбор ва мамнӯаи байналмилалӣ аст.

Як чаҳоруми ҷамъияти Навори Ғаззаи пас аз овора шудани иҷборӣ аз хонаҳои худ дар зери бомбаборон ва ҳамалот бехонумон шуданд.

Сандӯқи ҷамъияти Созмони милал дар Фаластин эълом кард: панҷоҳ ҳазор зани бордор дар Навори Ғазза ҳастанд, ки наметавонанд ба хадамоти аввалияи пизишкӣ дастрасӣ дошта бошанд. Дафтари ҳамоҳангии умӯри башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки захираи сӯхт дар тамоми бемористонҳои Навори Ғазза танҳо барои 24 соат ҷавобгӯ ва кофӣ аст.

Хабаргузории амркоӣ NBC гузориш дод, ки дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ишғолгар, омори кушташудагонро 1400 тан ва захмиҳоро 3500 нафар ва теъдоди усарои саҳюнистро 120 асир то рӯзи якшанбе эълом кард.

https://iqna.ir/fa/news/4175587

captcha