IQNA

12:03 - October 18, 2023
рақами хабар: 582
Сураҳои Қуръон / 92

Амволи инсон пас аз марг ба ӯ чӣ кӯмаке мекунад?

Теҳрон (ИКНА) инсонҳо ба сурати куллӣ ду гуруҳ ҳастанд; иддае ба дигарон бо моли худ кӯмак мекунанд ва иддае амволи худро ҷамъ мекунанд бидуни инки ба дигарон кӯмак кунанд; ҳар ду гуруҳ маргро таҷриба хоҳанд кард, аммо ҳеҷ кадом баъд аз марг моле нахоҳанд дошт.

Амволи инсон пас аз марг ба ӯ чӣ кӯмаке мекунад?

Наваду дуюмин сураи Қуръони Карим “Лайл” ном дорад. Ин сура бо 21 оят дар ҷузъи сиюми Қуръон қарор гирифтааст. “Лайл” ки сураи маккӣ аст, дар тартиби нузул, нуҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

Вожаи “Лайл” 92 бор дар Қуръон омадааст. Дар ин сура низ дар аввалин калимаи ишора шуда ва Худованд ба шаб, ки ҷаҳон ва инсонҳоро фаромегирад савганд хӯрдааст; ба ҳамин ҷиҳат, сураро “Лайл” номидаанд.

Сураи лайл аз ду гуруҳ сухан мегуяд: гуруҳе ки парҳезкор ва бахшанда ҳастанд ва гуруҳе ки хасис ҳастанд.

Гуруҳи аввал,  парҳезкороне ҳастанд, ки дар роҳи Худо бахшиш мекунанд; бо бахшиши моли худ барои ҷалби ризояти Худо, ба дунболи покии нафас ва покии дил ҳастанд. Қуръон низ ба онҳо ваъдаи ризояти Худо ва растгорӣ ва наҷот медиҳад.

Гуруҳи дувум, дили нопок доранд; касоне ки хасис ҳастанд ва ҷаҳони охират ва биҳиштро дуруғ медонанд. Қуръон ин афродро ба нобудшудан таҳдид мекунад; мегуяд ин афрод молашонро аз рӯи дунёдӯстӣ ва хасисӣ, ба дигарон намебахшанд ва ба касе кӯмак намекунанд; дар ҳоле ки ин мол онҳоро баъд аз марг ва дар рӯзи қиёмат кӯмак нахоҳад кард.

Ҳадафи сураро ҳушдордодан ва тарсондан аст, то ба инсонҳо бифаҳманд талошҳояшон мутафовит аст, баъзе аз онҳо дар роҳи Худо бахшиш мекунанд, ва ваъдаҳои Худоро мепазиранд ва Худованд низ дар муқобил, зиндагии мондагор, пур аз хушбахтӣ дар ихтиёрашон мегузорад. Баъзе дигар хасис ҳастанд ва худро бениёз медонанд ва қавлҳои Худовандро такзиб мекунанд; Худованд низ ононро ба сӯи бадбахтӣ мекашонад.

Алломаи Таботбоӣ дар тафсири Ал-Мизон, бо тавваҷуҳ ба ояти 12 сураи Лайл, ки мефармояд: إِنَّ عَلَيْنَا لَلْهُدَى: Ҳамоно ҳидоят бар мост” менависад: ҳидоят гоҳе ба маънои нишондодани роҳ аст ва гоҳе ба маънои расондан касе ки ба дунболи ҳидоят аст ба ҷое ки мехоҳад. Бар асоси ояти 12, ҳидояти Худованд ҳам метавонад маънои аввалӣ бошад ва ҳам маънои дуввумӣ.

Агар маънои аввалӣ бошад, манзур ҳидояти инсонҳо ба самти ибодат аст чаро, ки ҳадафи инсонҳо аз офаридашудан, ибодати Худованд аст. Аммо агар маънои дуввум бошад, манзур расондани инсонҳо ба зиндагии поку хушбахтии абадӣ ва расидан ба биҳишт дар ҷаҳон иохират аст.

captcha