Тоҳо Мӯсо Ҳасан, машҳур ба “Тоҳо Ал-Фишанӣ” аз мубтаҳилон ва қориёни мисрӣ дар соли 1900 мелодӣ дар шаҳри “Фишан” аз тавобеи устони “Бани Суйф”-и Миср мутаваллид шуд. Ӯ идомадиҳандаи роҳи “Шайх Алӣ Маҳмуд” дар фанни ибтиҳол буд ҳамчунин алоқаи фаровоне ба шеваи тиловати Шайх Мустафо Исмоил дошт.
Аз беҳтарин ва машҳуртарин осори барҷой монда аз ӯ метавон “Ҳуббулҳасан”, ”Ё айюҳал Мухтор” ва “Мелоди Тоҳо” -ро ном бурд. Тоҳо Ал-Фишанӣ дар соли 1971 даргузашт.
Пеш аз ӯ мубтаҳилони бисёр бузурге дар Миср ҳозир буданд, ки беҳтарини онҳо “Алӣ Маҳмуд” ва “Сайид Дарвеш” ҳастанд. Аммо дар даврае, ки Тоҳо Ал-Фишанӣ зиндагӣ мекард имконот ва абзорҳои савтӣ пешрафт карда буд ва осори вай бо кайфияти беҳтаре ба гӯши шунавандагон мерасид; Барои ҳамин осори Тоҳо Ал-Фишанӣ мондагортар шудаанд.
Тоҳо Ал-Фишанӣ, ба далели иҷроҳои қавӣ ҳамаро таҳти таъсир қарор медод. Ҳатто шахсиятҳои радаболои мисрӣ низ ба осори ӯ алоқа доштанд. Ӯ қорӣ ва мубтаҳили мавриди алоқаи Ҷамол Абдунносир ва Анвар Содот буд. Далели ин маҳбубият ҳам чизе набуд, ҷуз инки бо ҳисси хуб иҷро мекард.
Яке аз барҷастатарин осори Тоҳо Ал-Фишанӣ “Ҳуббулҳусайн (а)” аст, ки боис шуда то масеҳиён ҳам ба ин ҳунари динӣ ва низ шахсиятҳои дини Ислом алоқаманд шаванд.
Тоҳо Ал-Фишанӣ мубтаҳили бузурге будааст чаро, ки ӯ метавонист дар заминаи мусиқӣ ба фаъолият бипардозад ва хонандагиро идома диҳад ва имконоти молии фаровоне ба даст биёварад, аммо заминаеро интихоб кард, ки ниёзи ҷомеа буд. Ӯ ибтиҳолро интихоб кард то ба мадҳи Паёмбари Акрам (с) ва Аҳли Байт (а) бипардозад.