
Номи шашумин сура аз Қуръони Карим “Анъом” ба маънои чаҳорпоён аст. Ин сура 165 оят дорад, ки дар ҷузъҳои ҳафтум ва ҳаштум ҷой гирифтааст. Сураи Анъом дар тартиби нузул, панҷоҳу панҷумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шуда ва макӣ аст. Дар сураҳои макӣ, шарҳ ва тавзеҳи усули ақоиди дин, яъне тавҳид, набувват ва маод бештар такрор шудааст.
Сураи Анъом ҷузви сураҳое аст, ки кулли оёти он ба сурати якҷо ва якпорча бар Паёмбар(с) нозил шудааст. Ҳамчунин аз он рӯ, ки бо ҳамди Худованд оғоз мешавад, ҷузви сураҳои Ҳомидот аст.
Иллати номгузории ин сура ба номии “Анъом”, сухан гуфтан аз чаҳорпоён дар понздаҳ ояти он аст. Манзури ин сура аз чаҳорпоён, ҳайвоноти аҳлӣ монанди гов ва гӯсфанд ва шутур ва буз аст.
Ҳадафи аслии ин сура баёни тавҳид ва исботи Парвардгори Ягона барои инсон ва тамоми ҷаҳониён аст. Барои ин манзур достони гуфтугӯи ҳазрати Иброҳим бо кофирон дар бораи беҳуда будани парастиши ситторагон, моҳ ва хуршед дар ин сура омадааст. Худованди Мутаол, ба думболи баёни ин достон, аз пазириши дархости он ҳазрат мабни бар Паёмбарии Исҳоқ ва Яъқуб ва дигар наводагони Иброҳим(а) ёд мекунад, ва ба ҳамин муносибат, ҷомеътарин феҳрист дар бардорндаи номҳои Паёмбаронро - 17 ном - дар ин қисмат аз сура меоварад. Онгоҳ, Паёмбари Ислом(с)-ро ворис ва ҷонишини ҳамаи он Паёмбарони илоҳӣ мухотаб қарор медиҳад ва ӯро муваззаф мекунад то эълон кунад, ки даъвати ӯ ба Ислом ҷанбаи миллӣ ва қавмӣ надорад ва мухотаби ӯ ҳамаи ҷаҳониён ҳастанд.
Сураи Анъом эъломияи ҷомеъи ақида ва шариати Ислом аст. Саросари ин сура эълони мавозеъ, посух ба шубаҳот ва ишколоти мухолифон ба Ислом ва Худованд аст, ки аз сӯи Паёмбари Ислом(с) тавассути ин сура баён мешавад. Такрори 44 бор феъли амри “Қул: ба маънои бигӯ” дар ин сура таъкидоти паёпай бар мувоҷиҳа бо шубаҳот аст, ки ба сурати истидлол бар зидди мушрикон ва мухолифони тавҳид ва наббувват ва маод омадааст. Талоши ҳамешагии Қуръон барои ислоҳи ақидаи инсон ба вижа дар бораи Улуҳият ва убудияят, дар ин сура намоён шудааст.
Калидвожаҳо: мазомини қуръонӣ, сураҳои Қуръон, 114, Анъом, ҳазрати Иброҳим, яктопарастӣ, паёмбарон