IQNA

Ҳунари тиловати Қуръон / 22

Вижагии “Акоша” Қироати Қуръон бар асоси маъно

14:58 - October 22, 2023
рақами хабар: 610
Теҳрон (ИКНА) Абдулазиз Акоша яке аз қориёни барҷастаи мисрӣ аст, ки тавониста бо ироаи шеваи хос дар қироати Қуръони Карим, ба шӯҳрат ва мондагорӣ даст пайдо кунад. Аз ҷумла инки қироати маъно меҳвар дошта ва лаҳни худро мутобиқ бо маънои Қуръон тағйир медод.

Абдулазиз Акоша аз қориёни мумтози мисрӣ, мутаваллиди соли 1948 мелодӣ буд, ки бо қориёни ҳамчун Шайх Абул-Айнайни Шуайшаъ, Шаҳот Муҳаммад Анвар ва Муҳаммад Ал-Ҳалбавӣ ҳамдавра буд. Ӯ аз фориғуттаҳсилони риштаи илоҳиёти донишгоҳи Ал-Азҳари Миср буд.

Абдулазиз Акоша дар синни чаҳор солагӣ барои ҳифзи Қуръон ба мактабхона рафт ва пас аз он, дар синни 9 солагӣ бо фарогирии таҷвид, муваффақ ба дарёфти мадраки ҳифзи кулли Қуръони Карим шуд.

Абдулазиз Акоша, ки қории соҳиб сабк аст ба сифориши Шайх Маҳмуд Мансур, дар синни 16 солагӣ ба Қоҳира рафт ва дар яке аз масоҷиди маҳалла дар Қоҳира, ба гуфтани азон ва баёни масоили динӣ пардохт.

Абдулазиз Акоша, садои қавӣ ва гиро дошт. Садои қавӣ ва гирои ишон комилан маҳсус аст. Аз дигар вижагиҳои садои ӯ, ки онро аз соири қорён ҷудо мекард, ин аст, ки авҷи зиёде дар тиловат намегирифт ва дар қироаташ тағйири лаҳнӣ медод.

Акоша ҳунари хубе дар барқарории иртибот бо шунавандагони худ ва таъкиди фавқулода бар маъно дар ҳини тиловати Қуръони Карим дошт ва ҳатто дар бархе маворид бар рӯи калимоте, ки маънои хоссе доранд, таъкид мекунад.

Аз Абдулазиз Акоша тиловатҳои бисёре ба сурати маҷлисӣ ва студияӣ ба ҷой мондааст. Ӯ дар соли 2013 ва дар синни 65 солагӣ аз дунё рафт.

captcha