IQNA

Ҳунари тиловати Қуръон / 23

Қории Қуръоне, ки дар кӯдакӣ ба мақоми устодӣ расид

19:14 - October 23, 2023
рақами хабар: 615
Теҳрон (ИКНА) Шаҳот Муҳаммад Анвар, яке аз қориёни барҷастаи мисрӣ буд, ки ба далели истеъдоде, ки дар ин замина дошт хеле зуд пешрафт кард ва ба шӯҳрат расид. Маҳорати ӯ дар қироати Қуръон ба гунае буд, ки аз ҳамон кӯдакӣ ба ӯ устод мегуфтанд.

Шаҳот Муҳаммад Анвар, дар аввали июли 1950 дар рустои Кафарулвазир, устони Қаҳлияи Миср мутаваллид шуд. Беш аз семоҳ аз вилодати ӯ нагузашта буд, ки падарашро аз даст дод ва дар ҳашт солагӣ ҳофизи кулли Қуръон шуд.

Асотиде чун "Сайид Абдуссамад Аз-Зинотӣ" ва “Ҳамди Зомил” аз ҷумла қориёне буданд, ки бо ҳузур дар маҳофили Қуръони маҳалли сукунати устод Шаҳот Анвар, боис шуд тиловати Қуръонро пайгирӣ кунад. Аз вижагиҳои барҷастаи устод Шаҳот Анвар, метавон ба пешрафти ногаҳонии ишон ишора кард. Тиловатҳое, ки қабл аз 20 солагӣ дошт, боис шуд дар байни мардум маъруф шавад. Шаҳот Муҳаммад Анвар дар ин фурсати кам тавонист аз худ шахсияти қавӣ бисозад.

Худаш дар бораи хотироти айёми кӯдакӣ гуфтааст: «Дар он давра ман бо ҳифзкардани Қуръони Карим саодати васфношуднӣ ёфтам, ба вижа пас аз итмоми ҳифзи Қуръон, ба хотири инки садои зебое доштам ва лаҳни ман шабиҳи лаҳни қориёни бузург буд, аз ҳамдураиҳои худам сибқат гирифтам ва дар миёни онон ба «устоди кӯчак» шинохта шудам».

Чунин ҷавоне, ки ба таври мураттаб дар ҷаласоти мухталиф ба қироати Қуръон мепардохт, тавоноиҳои бисёре дар ин замина ба дастоварда буд ба гунае, ки раиси маркази шаҳри “Мит Ғамар” даъватномае барои ӯ фиристод то дар ҷаласае, ки марҳум доктор “Комил Ал-Буҳӣ", аввалин раиси радиои Миср дар он ҳузур дошт, ба қироати Қуръон бипардозад.

Ӯ пас аз ду сол ва дар соли 1979 муваффақ шуд вориди радио шавад ва ба иҷрои барнома бипардозад.

Устод Шаҳот Анвар, борҳо дар хориҷ аз Миср, дар Лондон, Лос-Анҷелес, Аргентина, Испания, Фаронса, Бразилия, кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс, Нигерия, Заир, Камерун ва бисёре аз кишварҳои исломӣ сафар кард ва ба қироати Қуръон пардохт.

Шаҳот Муҳаммад Анвар се фарзанди писар ва шаш фарзанди духтар дорад ва ҳамагии онҳо аз ҳофизони кулли Қуръони Карим ҳастанд; “Аанвар Шаҳот Муҳаммад Анвар” ва “Маҳмуд Шҳот Муҳаммад Анвар” аз ҷумла маъруфтарин фарзандони Шаҳот Анвар ҳастанд.

Ӯ дар чаҳор соли поёнии умри худ ба далели бемории кабид дар маҳофили Қуръон тиловат намекард ва муддате дар бемористон бистарӣ буданд ва саранҷом дар синни 57 солагӣ аз дунё рафт.

captcha