IQNA

Ҳунари тиловати Қуръон / 24

Шаъбон Абдулазиз Сайёд  соҳиби тиловати пуршӯр ва мардумӣ

20:56 - October 24, 2023
рақами хабар: 619
Шаъбон Абдулазиз Сайёд  соҳиби тиловати пуршӯр ва мардумӣ
Теҳрон (ИКНА) Абдулазиз Исмоил Аҳмад Сайёд, аз қориёни барҷастаи мисрӣ аст, ки вижагиҳои тиловат ӯро аз дигар қориёни барҷастаи мисрӣ мутафовит мекунад; Аз ҷумла инки устод Сайёд тиловати пуршӯр ва мардум писанде дошт.

Бистуми сентябри соли 1940, Шаъбон Абдулазиз Сайёд, яке аз қориёни машҳури мисрӣ, дар рустои “Сарова” аз тавобеи шаҳри Ашмун дар устони Менофияи Миср мутаваллид шуд. Падари ӯ, “Абдулазизи Исмоил Аҳмад Сайёд” аз қориёни хуби замони худ буд барои ҳамин Шаъбон Абдулазиз Сайёд аз даврони кӯдакӣ бо тиловати Қуръон ошно шавад.

Шаъбон Абдулазиз Сайёд барои фарогирии улуми қироат ва таҷвиди Қуръон ба мактабхона рафт ва дар ҳафтсолагӣ ҳофизи кулли Қуръон шуд ва дар 12 солагӣ ба маҳофил қуръонӣ даъват мешуд.

Ин қории мисрӣ пас аз ахз диплом ба донишгоҳи Ал-Азҳари Миср рафт ва дар соли 1966 дар риштаи фалсафа аз донишгоҳи Ал-Азҳар фориғуттаҳсил шуд. Ӯ дар тиловати худ бештар аз сабки асотиде чун “Муҳаммад Рафъат”, “Муҳаммад Салом” ва “Мустафо Исмоил” баҳра мегирифт.

Устод Шаъбон Абдулазиз Сайёд дар соли 1975 дар озмуни вурудии радио Қуръони Миср ширкат кард ва бо муваффақияти комил тавонист ба радио ворид шавад ва ба иҷрои барнома бипардозад. Аз ин тариқ устод Сайёд машҳур шуд.

Вай дар бузургтарин ва машҳуртарин масоҷиди кишвари Миср монанди масҷиди Ал-Ҳусайн (а) ва масҷиди ҳазрати Зайнаб (с) ба тиловати Қуръон пардохт. Илова бар қироати Қуръон дар Миср, дар кишварҳое монанди Кувайт, Иморот, Урдун, Эрон, Сурия, Ироқ, Индонезия, Англистон, Фаронса ва Амрико низ сафар кардааст.

Устод Шаъбон Абдулазиз Сайёд, мушаввиқони аслии худ барои тиловатро устод Мустафо Исмоил, Абул-Айнайни Шуайшаъ ва Маҳмуд Алӣ Ал-Банно медонист.

Тиловатҳои устод Сайёд пур шӯр ва мардумӣ аст. Ин вижагӣ дар соири шеваҳои тиловат ба навъи дигаре дида мешавад. Аммо дар шеваи қироати устод Сайёд мардумӣ будан ва вокунишҳои мардум ба тиловати ишон дар маҷолис, боис эҷоди шӯр дар тиловат мешавад.

Ӯ дар канори қироати Қуръон як шахсияти илмии хубе низ аз худ сохта буд. Марҳум Сайёд ҳеҷ гоҳ курсии донишгоҳи Ал-Азҳарро ба сурати расмӣ напазируфт, аммо ба сурати ғайрирасмӣ мабоҳиси хуберо дар заминаи мафоҳим ва тафсири оёти Қуръон тадрис кард. Шарҳи аҳодиси Набавӣ низ аз ҷумла дарусе аст, ки Шаъбон Абдулазиз Сайёд тадрис мекард.

Абдулазиз Сайёд ба ҳамроҳи Шайх Мустафо Ғалваш ва Шайх Муҳаммад Маҳмуд Таблавӣ ба Кувайт рафтанд ва ба муддати як моҳ (моҳи Рамазон) дар онҷо ба тиловати Қуръон пардохтанд, ки дар ин муддат илова бар забти тиловатҳои таҳқиқ, як давра тиловати тартил низ аз ин сенафар ба сурати муштарак забт шуд.

Саранҷом устод Шаъбон Абдулазиз Сайёд саранҷом дар соли 1998 дар синни 58 солагӣ даргузашт.

captcha