IQNA

21:25 - October 24, 2023
рақами хабар: 621

Эътироз ба мамнуъияти ҳиҷоб дар мактабҳои Қазоқистон 

Қазоқистон (ИКНА) давлати Қазоқистон эълом кард аз ин пас пӯшидани русарӣ барои муаллимон ва донишомӯзон дар мактабҳо мамнуъ аст. Ин тасмим бо эътирози густурдаи мардуми ин кишвар рӯбарӯ шудааст.

Эътироз ба мамнуъияти ҳиҷоб дар мактабҳои Қазоқистон 

Ба гузориши "Дойче Велле" (Deutsche Welle), веб-сайти давлати Қазоқистон ҳафтаи гузашта дар баёнияе аз қонуни мамнуъияти ҳиҷоб дар мактабҳои ин кишвар хабар дод.

Қонуни ҷадиди либоси мактабҳо пӯшидани ҳиҷобро мамнуъ мекунад бо ин истидлол, ки тазмини баробарии ҳамаи адён дар баробари қонун, аз усули секуляризми ҳоким бар қонуни асосии ин кишвар аст.

Ин баёния ҳамчунин ҳиҷобро барои муаллимони мактабҳо мамнуъ кардааст. Бо ин ҳол, таъкид мекунад, ки мамнуъияти ҳиҷоб дар хориҷ аз мактабҳо эъмол намешавад.

Мувофиқон таъкид карданд, ки Қазоқистон як кишвари секулар аст ва бинобар ин бояд аз имтиёз додан ба дини хоссе иҷтиноб кунад. Бо ин ҳол, мухолифон бар ин боваранд, ки чунин маҳдудиятҳое ноқизи усули озодии баён ҳастанд ва мумкин аст бархе барои эътироз ба ин мамнуъият иқдомоти ифротӣ анҷом диҳанд.

Гузориш шудааст дар минтақаи Туркистон, ду мард як мудири мактаби маҳаллиро мавриди зарб ва шатм қарор доданд, зеро ӯ ба духтарони бо ҳиҷоб иҷозаи ширкат дар синфҳоро надод.

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар Конгресси миллии муаллимон дар Остонаи пойтахти Қазоқистон дар бораи ин мавзӯъ изҳори назар кард ва гуфт, ки мактаб як ниҳоди омӯзишӣ аст, ки мардум барои касби дониш ба онҷо меоянд, дар ҳоле, ки эътиқодоти мазҳабӣ як амри хусусӣ аст.

Мухолифони ин қонун таъкид мекунанд, ки ҳиҷоби худро бо ҳеҷ чиз иваз намекунанд. Бархе чеҳраҳои шохиси зан низ ба ин эътироз пайвастаанд ва аксҳое аз худро бо ҳиҷоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кардаанд.

Пеш аз ин Айда Балаева, вазири Фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон рӯзи ҷумъа, 6 октиябри соли ҷорӣ дар як нишасти матбуотӣ дар Остона гуфт, ки мумкин аст истифода аз русарии исломӣ ва ҳиҷоб дар амокуни умумӣ мамнуъ шавад.

Айда Балаева гуфт, ки мақомот, қавонини феълиро, ки ба гуфтаи ӯ абзори кофӣ барои муқобила бо ифротгароӣ динӣ ва ҷунбишҳои динии ғайри суннатӣ фароҳам намекунад, бознигарӣ ва ба рӯз хоҳанд кард.

https://iqna.ir/fa/news/4177331

captcha