Муҳаммад Ал-Маслӣ, ҳунарманди Саудӣ дар ҷаласае бо унвони “Рангҳо дар Қуръон”, ба баёни мафҳуми ранг дар Қуръон ва маонии мухталифи он ва ҳамчунин эъҷози илмии Қуръон дар ин замина пардохт.

Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз Ҷиҳот Ал-Ахбория, Муҳаммад Ал-Маслӣ, ҳунарманди ҳунарҳои таҷассумии Саудӣ дар ҷаласае бо унвони “Рангҳо дар Қуръон”, ки дар анҷумани ҳунарҳои таҷассумии шарқи Арабистон дар баргузор шуд ба баёни рангҳо дар Қуръон пардохт.
Ӯ тасреҳ кард: рангҳо бо эҳсосот муртабит ҳастанд, мумкин аст аз як ранг мутанаффир бошем ё дӯст дошта бошем, аммо фақат ба ин далел, ки бо як мавқеияти хосси муртабит аст.
Ин ҷаласа бахше аз суханрониҳое аст, ки дар мавриди китоби ин ҳунарманди Саудӣ бо номи “Рангҳо дар Қуръон” баргузор шуд. Вай бо тақсими ин рангҳо ба сард ва гарм ва ё рангҳои аслӣ ва фаръӣ гуфт: дар Қуръони Карим низ ба бархе аз ин рангҳо ишора шудааст.
Муҳаммад Ал-Маслӣ, хотирнишон кард: пардохтан ба мавзӯъи рангҳо дар Қуръони Карим ҳосили таҳқиқоти илмӣ аст, ки аз манзари ҳунар ба вожаҳои ҳунарии зикр шуда дар оёти Қуръон мепардозад.
Вай дар меҳварҳои ҷаласа ба моҳияти рангҳои зикршуда дар Қуръон, оёти зикршуда дар Қуръон ва эъҷози Қуръон дар бораи ин рангҳо пардохт.
Ба гуфтаи вай лафзи “Алвон” ба маънои рангҳо фақат дар 7 оят аз Қуръони Карим ва ҳафт мавзеъ омада ва ин теъдод бо теъдоди рангҳои тайфи марӣ баробар ва ин амр ба гуфтаи ӯ ҷанбае аз асрори илоҳӣ дар коинот аст. Калимаи ранг дар Қуръон гоҳе барои баёни шакли ранг ва сифати он омада ва гоҳ намоде аз умури дигар аст ва “Сибға” , ки дар Қуръон омадааст, танҳо ба маънои ранг нест балки ба маънои пӯшиши ранг ва ё баёни шиддати он ранг дар Қуръони Карим аст. Ранг дар Қуръони Карим гоҳе барои баёни сифоти инсонӣ низ истифода шудааст.