Абул-Айнайн Шуайшаъ, дар соли 1929 дар Миср ба дунё омад ва дар синни 17 солагӣ яъне соли 1939 вориди радиои Миср шуд. Вай дар 18 солагӣ қарордодеро бо радиои Фаластин баст ва ба онҷо рафт. Дар радиои Фаластин тиловатҳои фаровон ва ҷаззоберо иҷро кард; Аммо мутаассифона радиои Фаластин бисёре аз осори вайро баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум аз даст дод ва ин осор гум шуд. Ҳузур Абул-Айнайн Шуайшаъ дар Фаластин таъсироти фаровоне дошт ва пас аз вай қориёни дигаре низ ба Фаластин даъват шуданд.
Шуайшаъ мӯътақид аст, ки ҳамкории вай бо радиои Фаластин таъсироти фаровонеро дар зиндагии ӯ доштааст. Шуайшаъ худ дар ин бора мегӯяд: «ҳангоме, ки ман аз Фаластин ба Миср бозгаштам, ин амр боис шуд то ба қасри Малик Форуқ даъват шуда ва сӣ рӯзи моҳи мубораки Рамазонро дар канори қориёни бузурги дигар ба қироати Қуръон бипардозам».
Ҳамкорӣ бо радиои Фаластин боис шуд то садои Шуайшаъ ба ҷаҳони Ислом расида ва даъватҳои фаровоне аз вай барои сафар ба соири кишварҳои исломӣ шавад. Ба воситаи ин даъватҳо буд, ки вай сафарҳои зиёде ба Сурия, Ироқ, Туркия, Покистон, Урдун, Эрон, Лубнон ва Иморот анҷом дод, ки ин сафарҳо бисёр таъсиргузор буданд.
Ба гуфтаи худаш, ӯ аввалин намояндаи Қуръони кишвари Миср буд, ки ба сурати расмӣ ба хориҷ сафар кард. Сафар ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз ҷумлаи ин сафарҳост, ки Шуайшаъ 10 сол ба ин кишвар даъват шуд ва дар канори қориёни дигаре монанди Абдулбосит ба ин кишвар рафтуомад дошт.
Ӯ шогири устод Муҳаммад Рафъат, соҳиби сабки қадим буд ба ҳамин далел шеваи қироати Шуайшаъ низ хос буд. Ӯ шеваи мустақилеро барои худ эҷод кард ва ба думболи тақлид аз қориёни гузашта набуд. Ҳамин масъала боис шуда буд то ҷойгоҳи вижае дар Миср дошта бошад.
Устод Шуайшаъ ҳамеша мегуфт «ман як қорӣ ҳастам, ки як масеҳӣ маро кашф кард. Нахустин касе, ки савти манро шунид «Фахрӣ Абдуннур» аз сиёсатмадорони бузурги масеҳии Миср буд ва ман ҳаргиз ӯро фаромӯш намекунам, ки манро ба Ҷерҷа (аз шаҳрҳои Миср) даъват кард то се рӯз дар хонаи ӯ ҳузур дошта бошам. Ӯ ва фарзандонаш поини пой ман менишастанд то бо аҳолии Ҷерҷа ба тиловати Қуръон гӯш диҳанд.