IQNA

Ҳунари тиловати Қуръон / 28

Вижагиҳои хосси тиловати устод Миншовӣ

21:13 - October 31, 2023
рақами хабар: 648
Теҳрон (ИКНА) устод Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ дар миёни қориёни асри тилоӣ Миср беназир буд. Миншовӣ аз мафохири бузурги ҷаҳони Ислом ва мубтакири сабкҳои гуногуни қироати Қуръон буд. Садои зебо ва гарми ӯ ва талаффузи саҳеҳ ва баёни қавии калимот боис мешуд, ки шунаванда, ба дурустӣ мутаваҷҷеҳи маънои оёти Қуръон шавад.

Устод Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ, аз бузургтарин қориёни ҷаҳони Ислом, мутаваллиди 1920 дар рустои Миншовӣ дар устони Суҳаҷи Миср буд, ки дар соли 1969 дар Қоҳира даргузашт. Ӯ дар хонаводае ба дунё омад, ки падараш (Сиддиқ Сайид Миншовӣ) ва бародараш (Маҳмуд Сиддиқи Миншовӣ) аз қориёни барҷастаи Миср буданд барои ҳамин бо истифода аз ин вижагии хосси хонаводагӣ, ба самти ҳифз ва қироати Қуръон тамоюл пайдо кард.

Муҳаммад Сиддиқ дар ҳаштсолагӣ муваффақ ба ҳифз ва фаҳми Қуръон шуд. Вақте, ки тиловатҳои зебои ӯ ба гӯши масъулони радио Миср расид аз Миншовӣ хостанд то барои вуруд ба радиои Миср ба сурати озмоишӣ қироат кунад, аммо ӯ ба далели инки намехост машҳур шавад, ин даъватро напазируфт.

Ин гуна буд, ки радиои Миср баъд аз муддате барои забти тиловати ин қорӣ ба маҳалли зиндагии ӯ рафт ва баъд аз он, бо пахши тиловатҳои Миншовӣ аз радио, шӯҳрати Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ саросари Миср ва кишварҳои исломиро фарогирифт.

Аз вижгиҳои устод Миншовӣ метавон ба маънавият, шахсият ва адаб дар тиловат, аҳамият ба ҳамоҳангии маъно бо лаҳн ва оҳанги тиловат ва риояти дақиқи қавоиди вақф, ибтидо ва таҷвид ишора кард. Миншовӣ дар қироати Қуръон тамоми талошашро мекард то калимотро ба дурустӣ ва бо риояти аҳкоми таҷвид баён кунад. Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба маънои оёт саъй мекард лаҳн ва оҳанги муносибро интихоб кунад барои ҳамин дар қироати худ аз сабкҳои мухталифе истифода мекард, ки боис шуда тиловати Миншовӣ дар ҷойгоҳи волое қарор гирад.

Ба далели ғами хос ва гармое, ки дар садои Миншовӣ вуҷуд дорад ба ӯ лақаби “Ҳанҷаратул боқия”, ба маънои ҳанҷараи гирён, доданд. Миншовӣ Қуръонро бо сӯзи хоссе мехонд, аммо дар айни ҳол савти табиӣ ва расо дошт, ки аз дил бармехоста, яъне ғаме, ки дар садои устод Миншовӣ вуҷуд дошт, аз даруни ӯ эҷод шуда буд ва марбут ба рӯҳи волои ӯ дошт.

captcha