IQNA

Арзаи копияи нусхаи нафис аз Қуръон дар намоишгоҳи Шарҷа

6:07 - November 06, 2023
рақами хабар: 665
Мюнхен (ИКНА) арзаи копияи нусхҳои нафис аз Қуръони Карим дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Шарҷа таваҷҷуҳи боздидкунндагонро ба худ ҷалб кардааст.

Қуръони нафис, копия аз як нусхаи хаттӣ аст, ки марбут ба қарни ёздаҳум ё дувоздаҳум аст ва шоҳкори Ибни Бавоб, хушнависи машҳури эронӣ аст. 

Нусхаи хаттии аслӣ дар китобхонаи иёлати Бавария дар Мюнхен нигаҳдори мешавад ва танҳо даҳ нусха аз ин навъ Қуръон дар он давра чоп шудааст.

Ин нусха, яке аз танҳо 300 намунаи чоп шуда бо андоза, сабук ва ҷаззобияти басарии дақиқи ин асари арзишманд аст, ки дар ин рӯйдод ба намоиш гузошта шудааст.

Флориан Стролс, намояндаи ширкати Adeva Rare Collectibles гуфт: ин Қуръон як асари ҳунарии воқеӣ аст, ки дар он оёт бо хатти шикастаи нусах бар рӯйи коғаз бо рӯкаши тило навишта шудааст. Вай афзуд: ин нусхаи хаттӣ дорои тазъиноте аст, ки фаротар аз тахайюл аст ва дар дунёи ҳунар нусахи хаттии беназир аст.

Сарфаслҳои ҳар сура бо зарофат бо хатти обӣ, сафед ва қаҳваӣ моил ба сурх, бо нақшаҳои зарифи гулҳои Раз ба ранги обӣ ва нуқраӣ, ки оётро аз ҳам ҷудо мекунад, навишта шудааст.

Андозаи ҳуруф бар асоси усули риёзӣ аст ва андозаи алиф ба унвони воҳиди миқёси истифода шудааст.

Флориан Стролс гуфт: ҳуруфи амудӣ, каме моил ба самти чар, ба таври мутафаккирона чида шудаанд ва сабки мутамоиз аз мактаби Ибни Бавобро ба намоиш мегузоранд. Вай афзуд: вижагии қобили таваҷҷуҳ сафҳаи аввал, чидамони беназири ду унвон сура аст, ки ин Қуръонро ба як асари ҳунарии мутамоиз табдил мекунад.

https://iqna.ir/fa/news/4179739

captcha