Ин Қуръонҳо, ки дар ғурфаи нусхаҳои хаттӣ намоишгоҳи фарҳанги Арабистон дар Париж ироа шуда ба далели мунҳасир ба фард будан ва ҳамчунин ҷойгоҳи ин нусах ба ҳамроҳи дигар осори мавҷуд дар мероси фарҳанги башарӣ бо истиқболи густурда мувоҷеҳ шудааст.
Дар ғурфаи нусхаҳои хаттӣ, нусхае аз Қуръони Карим марбут ба қарни панҷуми ҳиҷрии қамарӣ бо тазҳиб ва тазъиноти хос ва хатти нусах ва як асари тиббӣ арабӣ марбут ба соли 580 ҳиҷрии қамарӣ асари Ҳайбатуллоҳ ибни Зайд ибни Ҳасан ибни Афройим мавҷуд аст, ки ҳовии посухҳои ба саволоти марбут ба саломат аст.
Илова бар ин нусхаҳои хаттии дигаре аз осори исломӣ ва таърихӣ низ ба намоиш даромада, ки таваҷҷуҳи боздидкунндагон, муҳаққиқон ва алоқамандон дар ин намоишгоҳро ба худ ҷалб кардааст.
Намоишгоҳи фарҳанги Арабистон бо ҳузури органҳо ва ниҳодҳои фарҳангии вобаста ба вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ аз 28 октябр оғоз шуда ва то 10 ноябр идома дорад.