Ин давра аз мусобиқот, ки бахши байналмилалии мусобиқоти Қуръони Карими шайх Ҷосим ибни Муҳаммад ибни Сонии Қатар аст аз аввал то 12 ноябри соли 2023 дар Доҳа, пойтахти ин кишвар ва аз сӯи вазорати авқоф ва умури исломии қатр баргузор мешавад.
Даҳҳо нафар аз баргузидагони мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим ба манзури рақобат дар дувумин давраи мусобиқот «бартарини бартаринҳо» дар Доҳа, пойтахти Қатар ҳузур ёфтаанд.
Ҳайати доварон шомили гурӯҳе аз коршиносони барҷастаи Қуръони Карим аст, ки сатҳи ҳифз, лаҳн ва амалкарди ҳофизонро арзёбӣ мекунанд. Ҳайати доварон муташаккил аз як раис ва се узв аст.
Аҳмад Исо Ал-Маъсаровӣ, Шайхул-Қурои собиқи Миср ва раиси кумитаи доварони ин мусобиқот гуфт: ин мусобиқа вижагии хосси худро дорад, ки онро аз бақияи мусобиқоти байналмилалии Қуръон мутамоиз мекунад. Ин тамоюз дар саволоти он ба вижа дар мавриди муташобиҳоти Қуръон ва иртиботи бархе оёт ба оёти сураҳои дигар, дида мешавад, ки ниёз ба ҳифз ва омӯзиши комил дорад; Ҳамчунин саволоти тафсирӣ дар мавриди маонии вожагони Қуръони Карим ҷузви ин мусобиқот аст. Дар тӯли мусобиқот ва аз ҷумла дар марҳалаи муқаддамотӣ мутаваҷҷеҳ шудем, ки байни ҳамаи ҳофизон тафовут вуҷуд дорад. Бархе аз онҳо ҳифз, бартарӣ, амалкард, тезҳушӣ ва қудрати посухгӯӣ болои доранд.
Аҳмад Алӣ Ас-Судайс, раиси донишкадаи Қуръон ва маорифи исломӣ, мударриси улуми динӣ дар Масҷидуннабӣ (с) ва узви ҳайати доварон низ хотирнишон кард: ин мусобиқоти Қуръон як мусобиқаи хоссе маҳсуб мешавад, ки дар он нафароти нахуст дар мусобиқоти қуръонӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳузур доранд.
Вай бо таъкид бар инки баргузории ин гуна мусобиқоти қуръонӣ боиси тақвияти иртиботи ҳофизон мешавад ва ононро қодир ба рақобат дар риштаҳои мухталифи Қуръони карим мекунад, тасреҳ кард: мусобиқоти қуръонӣ барои шинохт ва таҷлил аз баргузидагони бартар баргузор мешавад ва мусобиқаи бартарини бартаринҳо барои таҷлил аз афроди бартари мусобиқоти байналмилалӣ аст. Ин мусобиқот аз назари ҳадафи худ мутамоиз ва дар навъ ва паёми худ беназир аст.
Ёдоварӣ мешавад; Аз кишвари Эрон Маҳмуд Наврӯзӣ, ҳофизи кулли Қуръон дар ин мусобиқот ҳузур ёфтааст.