IQNA

18:19 - November 08, 2023
рақами хабар: 682

Арзаи китобҳои динӣ ва қуръонӣ ба забони ишора ва хатти Алифбои Брайл дар намоишгоҳи Шарҷа + филм

Шарҷа (ИКНА) китобҳои савтӣ дар ҳавзаи улуми динӣ ва Қуръон ва ҳамчунин осори қуръонӣ ба хатти Брайл дар чиҳилу дувумин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Шарҷа 2023 ҳузури бисёр пурранг доштанд.

Арзаи китобҳои динӣ ва қуръонӣ ба забони ишора ва хатти Алифбои Брайл дар намоишгоҳи Шарҷа + филм

Интишорот ва китобҳои «савтӣ» ва ҳамчунин китобҳои забони Брайл дар чиҳилу дувумин нишасти намоишгоҳи байналмилалии китоби Шарҷа 2023 ҳузури пурранге доштанд. Ин интишорот бештар гурӯҳҳои ҳадафи кӯдакон, нобиноён ва ношунавоёнро дар назар дошт.

Интишороти Дорул-Барақ вижаи фарҳанг ва кӯдакон шумори зиёде аз китобҳои савтӣ омӯзишт дар ҳавзаи достонҳои Паёмбарон ва ҳамчунин шуморе осори динӣ ва қуръонӣ ба хатти Брайл барои нобиноён арза кардааст.

Аз сӯи интишороти «Анҷумани ҳифзи Қуръони Карим» аз Урдун теъдоде аз осори динии ин интишорот аз ҷумла нусхае аз Қуръони Карим, «Калимоти Қуръон» ва «тафсир ва баён» дар се ҷилдро арза кардааст.

Илова бар ин интишороти маркази забони Араби Абу-Дабӣ низ шуморе аз осори фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба хатти Брайлро барои боздидкунндагон арза кардааст. Бархе аз интишороти Туркия низ иқдом ба ироаи тафсирҳое ба сурати китобҳои савтӣ кардаанд.

Илова бар мухотабон бо ниёзҳои вижа, мухотибони оддӣ низ аз ҷумла алоқамандони китобҳои савтӣ ҳастанд, чаро, ки бисёре аз онҳо, ки фурсат ва ё имкони мутолиаи осори мактубро надоранд, дар канори фаъолиятҳои рӯзона аз ин осор баҳра мебаранд.

Дар идома видеое аз маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи байналмилалии китоби Шарҷаро мушоҳида мекунед.

تعداد بازدید : 8
код

https://iqna.ir/fa/news/4180522

captcha