IQNA

Намоиши Қуръонҳои камёби Ал-Азҳар дар Кувайт + акс

18:10 - November 10, 2023
рақами хабар: 684
Кувайт (ИКНА) маркази пажӯҳишҳои исломии Ал-Азҳар шуморе аз нусхаҳи хаттии камёби Қуръонро дар намоишгоҳе, ки дар ҳошияи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Кувайт  барпо шуда, дар маърази диди умум қарор додааст.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии "Сади Ал-Балад", маркази пажӯҳишҳои исломии Ал-Азҳар, бо ширкат дар фаъолиятҳои намоишгоҳе, ки бо унвони "Фи суҳуфи мукаррама" дар ҳошияи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Кувайт барпо шудааст, шуморе аз Қуръонҳои камёби мавҷуд дар китобхонаи марказии Ал-Азҳарро ба намоиш гузоштааст.

Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин, тавзеҳоте дар бораи талошҳои кумитаи «таърихи мусҳафи» китобхонаи Ал-Азҳар барои муҳофизат аз каломуллоҳи Маҷид, мароҳили китобат ва чопи Қуръон ва эҳтимоми уламои мусулмон ба он ва талошҳои китобхонаи Ал-Азҳар дар ростои мариммат ва ҳифзи Қуръонҳои камёб дар ин марказ ироа шудааст.

Назир Аёд, раиси маркази пажӯҳишҳои Ал-Азҳар ширкат дар ин намоишгоҳро дар ростои талоши Ал-Азҳар барои эҳтимом ба Қуръони Карим тавсиф кард. Ба гуфтаи вай китобхонаи Ал-Азҳар музейи зинда аз таърихи китобат ва чоппи Қуръони Карим аст.

Назир Аёд тасреҳ кард: дар китобхонаи Ал-Азҳар ҳудуди 970 нусхаи хаттии Қуръон нигаҳдорӣ мешавад, ки мутааллиқ ба давраҳои мухталифи таърихӣ аз қарни чаҳорум то сездаҳуми ҳиҷрии қамарӣ аст. Ин Қуръонҳо аз назари ҳаҷм ва танаввӯъи хутут ва хушнависӣ ба коррафта дар он мунҳасир ба фард аст.

Аёд афзуд: ҷилваҳои ҳунарии Қуръонҳои мутааллиқ ба китобхонаи Ал-Азҳар аз назари андоза, шакл, тазъинот ва саҳҳофӣ мутафовит аст.

Ёдовар мешавад, дувоздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Кувайт аз рӯзи чаҳоршанбе, 17 обон, бо ҳузури намояндагоне аз кишварҳои мухталифи арабӣ ва исломӣ аз ҷумла се намоянда аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, оғоз шуд ва то 24 обон‎моҳи соли ҷорӣ идома дорад.

https://iqna.ir/00HXeg

captcha