Бо тавваҷуҳ ба ин мавзӯъ ҳар кас бояд дар ҳадди тавони худ коре кунад: ҳатто агар дар ҳадди ибрози хашм дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ҳузур дар роҳпаймоиҳои маҳкумияти наслкушии Исроил ва ҷиноёт алайҳи башарият бошад.
Маҳмуд, 32-сола бештар аз дидани чунин фоҷиаҳое эҳсоси тарсу азоби виҷдон дорад.
Ӯ мегӯяд: ҳаргиз воқеан қадри неъмати амният ва хонаро надонистам то замоне, ки филмҳое аз сокинони Ғазза дар ҳоли кӯчи иҷборӣ ба маконе дигар барои пайдо кардан ҷое амн барои худ ва хонаводаҳояшонро тамошо кардам… Танҳо чизе, ки аз он метарсам ин аст, ки ин иттифоқ барои мо биафтад.
Яке аз муҳимтарин эҳсосоте, ки метавонад дар ин мавоқеъ эҷод шавад, эҳсоси гуноҳ аст. Ин эҳсосест, ки тавассути Лайло, як шаҳрванди мисрии 26-сола ба иштирок гузошта шудааст, ки баён мекунад: вақте мебинам, ки як зиндагии оддӣ дорам ва дар рӯйдодҳои иҷтимоӣ бо хонаводаам ширкат мекунам, эҳсос мекунам як хоин ҳастам. Ҳақ нест, ки хушҳол бошем дар ҳоле, ки ҳар лаҳза бародарону хоҳарони мо дар ҳаммарзиамон ба ноҳақ кушта мешаванд.
Лайло меафзояд: ман ва бисёре аз дӯстонам вақте дар мавриди мавзуъҳо ва масоили рӯзмарраи фориғ аз дарди Фаластин гуфтугӯ мекунем эҳсос мекунем, ки ҳадафро раҳо кардаву мардуми худро дар Ғазза фаромӯш кардаем.
Ин эҳсоси гуноҳ бештар барои афроди масъул ва афроде, ки тавоноии тағйир доданро дар худ ҳис мекунанд вуҷуд дорад то афроди маъмулие бо тавоноии маҳдуд.
Бо тавваҷуҳ ба ин мавзӯъ ҳар кас бояд дар ҳадди тавони худ коре кунад: ҳатто агар дар ҳадди ибрози хашм дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ҳузур дар роҳпаймоиҳои маҳкумияти наслкушии Исроил ва ҷиноятҳо алайҳи башарият бошад.
https://iqna.ir/00HXdx