Ба гузориши ТоҷикПресс, Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ гуфт: Имрӯз мо, аз ин ки дар ҷамъи мардуми азизи Тоҷикистон ҳастем, хеле хурсандем, аммо як доғе имрӯз бар дили ҳамаи мардуми мусулмон дар ҷаҳон монда ва тамоми инсонҳо ва мардуми бовиҷдони оламро нисбат ба сарнавишти мардуми азизи Фаластин доғдор ва дағдағаманд кардааст.
Нигоҳи мо дар минтақа дар ҳимоят аз мардуми азизи Фаластин нигоҳи муштараке аст.
Сайид Иброҳими Раисӣ афзуд: Имрӯз мо наметавонем аз мавзуи Фаластин бигзарем ва ҳимоят аз мардуми мазлум ва муқтадири Фаластин масъалаи мо ва масъалаи ҷаҳони Ислом ва башарият аст. Он чи мо ҳамеша бар он таъкид дорем қатъи сареи ҳамалот ба мардуми азизи Ғазза ва поёни наслкушӣ ва кӯдаккушӣ дар сарзамини Фаластин аст. Чаҳор ҳазор кӯдак ва ҳазорон нафар аз мардуми азиз ва бегуноҳ ва мазлуми Фаластин ба дасти режими саҳюнистӣ ва бо ҳимояти амрикоиҳо ва ғарбиҳо ба қатл ва ба шаҳодат расиданд.
Ишон идома дод: Имрӯз мардуми ҷаҳон мехоҳанд сареан ба ин ҳамалот поён дода шавад ва муҳосираи мардуми Ғазза сареан шикаста шавад ва имдодрасонӣ ба мардуми Фаластин оғоз шавад ва ба ҳуқуқи ҳаққаи мардуми Фаластин таваҷҷуҳ шавад. Мо умедворем ин фарёду сухан ва хости ҷаҳонро созмонҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ бишнаванд ва имрӯз ба хости мардуми ҷаҳон таваҷҷуҳ кунанд ва ҳар чи зудтар ба ин зулми равшан дар ҳаққи мардуми Фаластин хотима диҳанд ва бигузоранд ин мардуме, ки аз ватан ва хонаву кошонаашон дифоъ мекунанд, ин қадар мавриди зулму тааддӣ қарор нагиранд ва аз ин зулмҳо раҳо бишаванд.
Ман бори дигар аз ин ки дар кишвари дӯст ва бародарамон Тоҷикистон ҳастам ибрози хурсандӣ мекунам ва бар тавсеи равобити байни ду кишвар таъкид мекунам.