Ба гузориши ТоҷикПресс, бар асоси гузориши расонаҳо ҳудуди 4 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон ин суханрониро гӯш карданд. Суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳро метавон «Маншури ҳаққонияти дифои Ғазза дар муқобили ҷиноятҳои режими ғосиб» номид.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар суханронии рӯзи ҷумъа сеюми ноябри 2023 нуктаҳои бисёр асосӣ ва муҳиммеро баён кард. Нуктаи аввал бо унвони “Машруияти инкорнопазири амалиёти «Тӯфони Ал-Ақсо»” буд ва инак нуктаи дувуми ин суханрониро пешкаши шумо менамоем. Нуктаи дувум: Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо 100% фаластинӣ буд. Сайид Ҳасан Насруллоҳ бо ин баён ҳар чизеро, ки метавонист баҳонае дар ҳимоят накардан аз фаластиниҳо барои фурсатталабон ва баҳонаҷӯён дар ҷаҳони Ислом ва давлатҳои арабӣ бошад, аз байн бурд. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Амалиёти бузурги Тӯфони Ал-Ақсо, сад дар сад тасмим ва иқдоми худи фаластиниҳо аз сӯи ҳаракати муқовимати исломии Фаластин Ҳамос буд. Ин амалиёти сарнавиштсозро размандагони ғаюри муқовимати Фаластин тарроҳӣ ва иҷро намуданд, дар ҳоле ки раҳбарони меҳвари муқовимат аз он бехабар буданд. Сипас сайиди ҷабҳаи муқовимат тавзеҳ дод, ки «Ин як амалиёти комилан фаластинӣ буд, ки барои Фаластин ва барои парвандаҳои чаҳоргонаи Фаластин ва барои масоили Фаластин ва барои мардуми Фаластин иҷро шуд ва ҳеҷ рабте ба ҳеҷ парвандаи минтақаӣ ё парвандаи давлатҳо ва ё ҳар чи ғайр аз он аст, надоштааст. Ишон дар баёни азамати ин амалиёт гуфт: «Ин амалиёти қаҳрамонона, шуҷоона, бадеъ, маҳкам, азим ва бузург буд, ки бартар аз ҳар амалиёти дигаре қарор гирифт ва тамоми аркони режими Исроил мисли рукни амниятӣ, низомӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва равонии онро монанди зилзилаи азим ба ларза даровард ва ба натоиҷи роҳбурдӣ ва ҳаётӣ хоҳад расид». Баъзе гумон кардаанд, ки Сайид Ҳасан Насруллоҳ бо ин баён аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо безорӣ ҷуста ё иброз нороҳатӣ карда ва хоста бигӯяд, ки ин амалиёт ва масоили пас аз он ба мо рабте надорад, дар ҳоле ки аз як сӯ ишон бо иборатҳои эҳсосӣ ва ҳамосӣ ва паёпай, ин амалиётро таҳсин карда ва аз сӯи дигар дар идома, шарҳи муфассале аз иқдомоти Ҳизбуллоҳ аз рӯзи ҳаштуми октябр яъне аз фардои амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо дар ҳимоят аз иқдоми муқовимати фаластиниҳо баён кардааст. Ҳамчунин ишон иқдоми муқовимати Фаластин дар сиррӣ нигаҳ доштани замон ва чигунагии амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо-ро дуруст ва рамзи муваффақияти он донист. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар воқеъ бо ин баён ба ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони араб гуфт, ки агар бо Ҳизбуллоҳ ё Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам мушкиле доред, аз ҳимояти қотеъ ва бемулоҳизаи бародаронатон дар Фаластин дареғ накунед. Ӯ бо ин баёни қавӣ роҳи кумаки ҳамаи бахшҳои ҷаҳони Ислом ба фаластиниҳоро берун аз дастабандиҳое, ки – мутаассифона – дар он вуҷуд дорад, боз кард ва ин кумаки бисёр асосӣ ва фидокорона аст.
https://tajikpress.com/2023/11/11/