
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “The New Arab”, дар солҳои ахир, таваҷҷӯҳи давлат ва миллати Алҷазоир ба мадрасаҳо ва мактабҳои қуръонӣ дар ин кишвар бештар шудааст.
Омори масъулини Алҷазоир ҳикоят аз афзоиши истиқболи хонаводаҳо аз беш аз 18 ҳазор мадрасаи қуръонӣ дар тамоми шаҳристонҳо ва устонҳо дорад, ба наҳве, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди Қуръон омӯзон ба ҳудуди як миллион нафар расидааст.
Дар ҳамаи шаҳрҳо ва рустоҳои Алҷазоир ба хусус дар фасли кунунӣ бо фарорсидани тътилоти мактабҳо, теъдоди зиёде аз хонаводаҳо эҳтимоми ҷиддӣ барои фиристодани фарзандонашон ба мактабҳои қуръонӣ доранд то дар онҷо зимни ёдгирии таҷвиди қуръон ба ҳифзи ҷузъ ё кулли Қуръон бипардозанд.
Хонаводаҳои алҷазоирӣ мӯътақиданд дар дунёи кунунӣ ҳузури фарзандонашон дар ҷаласони қуръонӣ ба манзури фарогирии усули дин ва баҳрамандӣ ва иртиқои фарҳанги динии худ ва дӯр нигаҳ доштани онҳо аз бозиҳои электириник ва фазои хароб ва инҳирофии маҷозӣ масъалаи зарурӣ аст.
Бисёре аз мактабҳои қуръонӣ дар Алҷазоир ҳанӯз дар омӯзиши Қуръон бар қироати ҷамъе такя доранд. Дар идома видеое аз ин макотибро мушоҳида мекунед.
Зайнаддин бин Махдӣ, имом ҷамоат ва мудири мадрасаи Қуръони шаҳри Манассер устони Тибази Алҷазоир гуфт: ин мадорис кӯдакро ба фазои маънавӣ мунтақил мекунад ва тамаркузи ӯро дар хондани Қуръон афзоиш медиҳад ва бо тиловати муштарак ба таҳкими иртибот байн донишомӯзон кумак мекунад ва ин равиши ҷамъ мероси куҳан дар Алҷазоир ба шумор меравад ва дар омӯзиши ҳифзи Қуръон ба кӯдакон бисёр таъсиргузор будааст.
Вай бар ин бовар аст, ки қироатҳои ҷамъе дар мактабҳои қуръонӣ зарурӣ аст, зеро Қуръон омӯз бо дарс гирифтан аз иштибоҳот дар талаффузи саҳеҳи оёти Қуръон ва тасҳеҳи махориҷи ҳуруф маҳорат пайдо мекунад ва маъмулан ин давраҳои қуръонӣ байни намози аср ва мағриб ва ё ҳатто бархе рӯзҳо баъд аз намози ишоъ баргузор мешавад.
Бо пешрафте, ки ҷаҳон аз тариқи истифодаи рӯзафзун аз фановариҳои ҷадид ва тавсеаи абзорҳои тарбиятӣ рӯбарӯст, бисёре аз мутаваллиёни мадориси қуръонӣ ба думболи ҳамгомӣ бо ин пешрафт ва иттихози равишҳои навин ба ҷои равишҳои суннатии роиҷ ҳастанд, ки аз ҷумлаи он истифода аз роёна ва тахтаи сафед бурд барои тавзеҳи калимот ва сураҳои Қуръон аст.
Вазорати умури динӣ ва авқофи Алҷазоир зимни таъкид бар нақши мактабҳои қуръонӣ дар тарбият ва таълими кӯдакон тасҳилоти бисёреро ба нафъи кумитаҳои мудирияти масоҷид, анҷуманҳои масъул мактабҳо ва мадориси мустақили қуръонӣ фароҳам мекунад то мураббиёни лоиқи қуръониро ҷазб ва имконот ва тавонмандиҳои лозим барои алоқаманд кардани кӯдакон ба қироат ва ҳифзи Қуръон муҳайё бошад; Аз ҳамин рӯ давлати Алҷазоир барои фориғуттаҳсилони муассисоти давлатӣ ва хусусии донишгоҳ дар Алҷазоир имтиёзҳо ва дастмуздеро дар назар гирифтанд то ангезае барои ҳузури онҳо ҳатто дар мадориси қуръонии шаҳрҳо ва рустоҳои дурафтодаи ин кишвар бошад.
Юсуф бин Махдӣ, вазири умури дин ва авқофи Алҷазоир дар конфронсе бо унвони “Мадрасаи Қироат” дар ки ахиран дар донишкадаи улуми исломии Амир Абдулқодири шаҳри Константин дар шарқи Алҷазоир баргузор шуда буд, таъкид кард, ки теъдоди мадориси қуръонӣ дар Алҷазоир ба 18 ҳазор мадраса мерасад, ки бархе аз он дар масоҷид барпо мешавад; Илова бар инки туҷҷор ва хайирин ҳам дар таъсиси мадориси Қуръонии ин кишвар саҳми бисёр5 доштанд.
Вай таъкид кард, ки беш аз як миллион ва яксад ҳазор донишомӯз дар ин мадорис машғули омӯзиш ҳастанд ва дар поёни соли таҳсилӣ ва фирорсидани фасли тобистон истиқбол аз ин мадорис бештар ҳам мешавад.
Бинобар ин гузориш, ҳанӯз дар бархе рустоҳои Алҷазоир барпоӣ роҳпаймоӣ барои таҷлил аз Қуръон омузон ба қуввати худ боқӣ аст то бо эҳёи ин суннат теъдоди бештаре аз кӯдакон ва навҷавонони алҷазоирӣ ба самти Қуръон ҷазб шаванд.
Дар поёни ин гузориш омадааст: дар даврони сахте, ки Алҷазоир ба вижа дар даврони истеъмори Фаронса таҷриба кард мадрасаҳо ва мактабҳои қуръонӣ нақши асосӣ дар ҳифзи ҳувияти алҷазоирӣ ва муқобила бо боварҳои ғалати мазҳабӣ доштааст, ки бархе аз аҳзоб саъй дар тарвиҷи он доштанд.
https://iqna.ir/fa/news/4145470