IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 11

Бародарии ҳамаи аҳли имон дар ҷаҳон

16:08 - November 25, 2023
рақами хабар: 742
Теҳрон (ИКНА) аҳли имон агар ба ростӣ аҳли имон бошанд ваҷҳи иштирокашон ишқ ба Худост ва дар онҷо расидан ба сулҳ ва дӯстӣ бисёр осонтар аст.

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ; “Ҳамоно, ки мӯъминон бо ҳам бародаранд. Пас миёни бародарони худ сулҳ барқарор кунед ва аз Худо битарсед, ки мавриди раҳмати Ӯ қарор гиред” ( Ҳуҷурот, 10).

Инак эъломияи сулҳ ва бародарӣ миёни мӯъминонро мехонем. Эъломияи бародарӣ миёни ҳамаи касоне аст, ки ба Худо яъне оғозгарии хайр ва зебоӣ ва ҳақиқати имон доранд. Табиатан дар миёни чунин мардуме, агар ихтилоф ва тазодде пеш ояд, аз ҷинси худхоҳӣ нахоҳад буд, балки умуман ба ҷаҳл ва таассубот ё нофаҳмиҳо боз мегардад.

Бинобар ин сулҳ додан миёни онҳо ба ҳамон осонии сулҳ додан миёни бародарон аст, ки ваҷҳи муштараке дар хешовандӣ бо ҳам доранд ва он ваҷҳи муштарак имон, аз бародарӣ қавитар аст. Эй басо, ки ду бародар чун Ҳобил ва Қобил бо ҳам душмании шайтонӣ пайдо кунанд, аммо аҳли имон агар ба ростӣ аҳли имон бошанд, ваҷҳи иштироки онҳо ишқ ба Худост ва дар онҷо расидан ба сулҳ ва дӯстӣ бисёр осонтар аст.

Дар ҳадиси Паёмбар(с) омадааст, ки мӯъминон беш аз бародарӣ, ба ҳақиқат, дорои пайванд ва ваҳдат ҳастанд ва аз якдигар ҷудоӣ надоранд.

Маънии имон фаротар аз истилоҳи “Ислом” аст ва мӯъмин ба ҳар диёнати осмониро шомил мегардад. Имони забоӣ дил ва забони ҷон ва забони рафторҳои одамиён аст ва ҳам забони ҳақиқӣ ҳамон ҳамзабонии имонӣ аст. Имон ҳамаро хешованд мекунад.

Рози ҳамзабонии Сулаймон бо мурғон, ҳамон ҳамдилии ӯ бо забонҳои ақвоми гуногун будааст.

Ҳеҷ ибодате бартар аз эҷоди сулҳ ва дӯстӣ байни мардумон нест, зеро ибодат василаи тақарруб ба сӯи Худост ва аз дидгоҳи фалсафӣ, ҳар амале, ки фард ё ҷамъро ба сӯи ваҳдат бибарад ибодат аст, ки мӯҷиби наздик шудан ба ваҳдати мутлақи илоҳӣ аст.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha