IQNA

Иқомаи намози ҷумъа бар рӯйи вайронаҳои масҷиде дар Ғазза

16:35 - November 25, 2023
рақами хабар: 744
Фаластин (ИКНА) даҳҳо нафар аз мардуми Ғазза рӯзи гузашта бар рӯйи вайронаҳои масҷиде дар ин минтақа, намози ҷумъаро баргузор карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, даҳҳо нафар аз сокинони Навори Ғазза бар рӯйи харобаҳои масҷиде, ки тавассути ишғолгарони Исроил дар ҷараёни таҷовузоти 50 рӯзаи ахир дар ҷанги Ғазза вайрон шуда буд, намози ҷумъа баргузор карданд.

Намозгузорон бо таваҷҷуҳ ба иҷроӣ шудани оташбаси муваққати чаҳор рӯза барои иқомаи намози ҷумъа ба масоҷид бозгаштанд. Бо вуҷуди бомбаборони шадиди Ғазза масоҷиди ин минтақа дар 50 рӯзи гузашта холӣ аз намозгузор набудааст.

Имом ҷамоати ин масҷид дар хутбаҳои худ ояти 8 сураи Сафро хонд: يُرِيدُونَ لِيُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ: мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомӯш кунанд ва ҳол онки Худо гарчӣ кофиронро нохуш афтад нури худро комил хоҳад гардонид».

Вай афзуд: Худо хост, ки мардум ба масоҷид баргарданд ва алорағми ишғолгарии Исроил, ки аксари мардум минтақаро овора кард намоз бихонанд.

Ба гуфтаи вазорати авқофи Ғазза, теъдоди масоҷиди комилан тхриб шуда 85 масҷид ва масоҷиди нима тахриб шуда ба 174 масҷид расидааст. Ҳамчунин ҳамалоти саҳюнистҳо дар 50 рӯзи гузашта, ҳудуди 15 ҳазор шаҳид ва даҳҳо ҳазор захмӣ барҷой гузоштааст.

Дар ҷараёни ҳамалоти ваҳшёнаи режими палиди саҳюнистӣ ба Ғазза, артиши ин режими танҳо ба бомбаборони масоҷид иктифо накарда, балки бемористонҳо ва ҳатто калисоҳоро низ ҳадафи ҳамалоти ҳамаҷониба қарор додааст.

код

https://iqna.ir/fa/news/4183899

captcha