IQNA

Масоҷиди Марокаш; Пешгом дар мубориза бо бесаводӣ

19:39 - November 29, 2023
рақами хабар: 761
Марокаш (ИКНА) вазири авқофи Марокаш аз мушорикати беш аз 3390 масҷид дар манотиқи рустои ин кишвар дар барномаи мубориза бо бесаводӣ хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ Аҳмад Ат-Тавфиқ, вазири авқоф ва умури исломии Марокаш дар гузорише ба маҷлиси Санои ин кишвар, аз мушорикати густурдаи масоҷиди Марокаш дар барномаи мубориза бо бесаводӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай теъдоди афроде машмули барномаи саводомӯзӣ дар рустоҳои ин кишвар дар соли таҳсилии 2022-2023 болиғ бар 137592 нафар яъне 47 дарсад аз кулли афроди машмули ин барнома будаанд.

Ба гуфтаи вай масоҷиди Марокаш нақши пешгом дар мубориза бо бесаводӣ доштаанд ва аз замони роҳандозии ин барнома дар соли 2000 токунун беш аз 4,5 миллион нафар дар масоҷид аз ин барнома истифода кардаанд, ки беш аз 1875000 нафар яъне дар ҳудуди 42 дарсад ин афрод аз манотиқи рустоӣ будаанд.

Ба гуфтаи Аҳмад Ат-Тавфиқ,, теъдоди масоҷиде, ки мизбони синфҳои саводомӯзӣ дар манотиқи рустоӣ будаанд, болиғ бар 3391 масҷид будааст. Вай ҳамчунин аз истиқболи густурдаи занон дар манотиқи рустоӣ Марокаш аз барномаҳои саводомӯзӣ ва синфҳои ташкил шуда дар мадорис хабар дод.

Вазири авқофи Марокаш чанде пеш низ аз равнақ ва эҳёи мактабхонаҳои қуръонӣ дар масоҷиди ин кишвар хабар дода буд. Ин мактабхонаҳо барои қарнҳо марказе барои омӯзиш дар манотиқи шаҳрӣ ва рустоӣ дар Марокаш будаанд.

https://iqna.ir/00HYg7

captcha