IQNA

Қуръон чист / 3

Заминаҳои гуногуни ҳидоят дар Қуръон

18:52 - November 30, 2023
рақами хабар: 764
Теҳрон (ИКНА) баъзе гароиш ба ин доранд, ки ҳидоятгарии Қуръонро ба арсаи хоссе маҳдуд кунанд, дар ҳоле, ки ҷанбаҳои мутанаввеи аз ҳидояти ин китоби осмонӣ машҳӯд аст.

Идояти Қуръон ба як минтақаи маҳдуде аз зиндагии башар ихтисос надорад, балки марбут ба ҳамаи густараи азими зиндагии башар аст. Яъне чунон нест, ки Қуръон дар як бахше инсонро ҳидоят кунад ва дар як бахши дигаре аз мавориде мавриди ниёзи башар ва зиндагии башар, инсонро раҳо кунад ва беэътино убур бикунад.

Қуръон ба ҳамаи гӯша ва канорҳои саҳнаи зиндагӣ ва майдони ҳузури башар иҳота дорад; Аз уруҷи маънавии инсон ва камоли маънавии инсон, ки болотарин ниёз аст то масъалаи идораи ҷавомеи инсонӣ ва башарӣ ва иқомаи адл ва рафторҳои мудириятӣ барои идораи ҷавомеи инсонӣ ва дафъи душманони гуногун (душманони ботинӣ ва душманони зоҳирӣ) бо муҷоҳидат ва бо ҷиҳод, ахлоқ, тарбияти фарзанд ва в ... Ҳамагӣ мавриди ҳидояти қуръонӣ аст.

Қуръон дар бораи рафъи душманиҳо мефармод: فَاِذَا الَّذی بَینُکَ وَ بَینَه‌ عَداوَةٌ کَاَنَّه‌ وَلِیٌّ حَمیم (Фуссилат, 34). Дар бораи хонавода мефармояд رَبَّنا هَب لَنا مِن اَزواجِنا وَ ذُرِّیَّتِنا ‌قُرَّةَ اَعیُن (Фурқон, 74) ё وَ اَنکِحُوا الاَیمی مِنکُم وَ الصّلِحینَ مِن عِبادِکُم وَ اِمائِکُم اِن یَکونوا فُقَراءَ یُغنِهِمُ اللهُ مِن فَضلِه (Нур, 32). Қуръон дар бораи масъалаи оромиш ва сукуни рӯҳӣ, сакина ва оромиши равонии инсон, ки яке аз муҳиммтарин ниёзҳои инсон аст, мегӯяд فَاَنزَلَ اللهُ سَکینَتَه عَلی رَسولِه؛ وَ عَلَی المُؤمِنین  (Фатҳ, 26).

Аз фурӯнишондани талотумҳои даруние, ки инсон дар ҳаводиси зиндагӣ бо онҳо мувоҷеҳ мешавад, ва то тавсия ба илм ва шинохти табиат, وَ استَعمَرَکُم فیها (Ҳуд, 61), ки инсон бояд ба самти илм, ба самти доноӣ, ба самти кашфи ҳақойиқи табиат ва ҳақойиқи олами вуҷуд ҳаракат бкунд, ва то рафторҳои фардии инсон, وَ لا تُصَعِّر خَدَّکَ لِلنّاسِ وَ لا تَمشِ فِی الاَرضِ مَرَحًا (Луқмон, 18) ё وَ اقصِد فی مَشیِکَ وَ اغضُض مِن صَوتِک (Луқмон, 19) дар Қуръон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Дар масоиле аз ин қабил, ки ҳама арсаҳои зиндагиро шомил мешавад, дар Қуръон дарс ва ҳидоят вуҷуд дорад; Яъне Қуръон бар ҳамаи бахшҳои зиндагии инсон нозир аст ва барои ҳамаи онҳо як роҳнамоӣ ва ҳидояте дорад ва барои ҳар бахше аз зиндагии инсон дарсе дорад, ки ин сарфаслҳои муҳимме, ки бахше аз он гуфта шуд ва сарфаслҳои муҳимми дигаре ҳам вуҷуд дорад, инҳо ҳама дар Қуръон матраҳ шудааст.

Бархе чиқадр ғофиланд касоне, ки хиёл мекунанд Қуръон ба масоили зиндагӣ, ба масоили сиёсат, ба масоили иқтисод ва ба масоили ҳукумат кор надорад. Интавр нест, балки бахши бис         ёри Қуръон роҷеъ ба ҳамин масоили иҷтимоии зиндагӣ аст.

 * Баргирифта аз баёноти оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ дар маҳфили унси бо Қуръони Карим.

* Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ (мутаваллиди 1939), муҷтаҳиди шиъа ва раҳбари динии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Аз ӯ осори мутааддиде дар муаррифии маорифи исломӣ мунташир шудааст.

captcha