Ба гузориши манобеи хабарӣ, Илон Маск, корофрини амрикоӣ дар як навиштаи кӯдакона гуфтааст, ки ҳанӯз омодаи боздид аз Навори Ғазза нест, зеро вазъият дар онҷо каме хатарнок ба назар мерасад.
Маск дар мавриди даъвати ахири Ҳамос дар шабакаи иҷтимоӣ Х (, ки қаблан Твитер номида мешуд) гуфт: «дар ҳоли ҳозир онҷо каме хатарнок ба назар мерасад, аммо мӯътақидам рифоҳи тӯлонимуддат дар Ғазза барои ҳамаи тарафҳо хуб аст».
Маск рӯзи гузашта ҳамроҳ бо Бенямин Нетаянҳу, нахуствазири режими ҷинояткор ва палиди саҳюнистӣ аз харобиҳои ноши аз ракетҳои муқовимат дар манотиқи ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ боздид кард.
Корбарони англисизабони Х, Маск ба Ғазза бирав
Ба думболи сафари Илон Маск, молики шабакаи иҷтимоӣ Х ба Фаластини ишғолӣ ва дидор бо мақомоти режими кӯдаккуши саҳюнистӣ, ҳаштаги Маск ба Ғазза бирав мавриди истиқболи корбарон шабакаи Х қарор гирифт.
Илон Маск дар ин сафар аз шаҳраке, ки сарони режим иддао мекунанд Ҳамос онро вайрон карда боздид кард дар ҳоле, ки танкҳо ва болгардҳои Опочии режим онро вайрон кардааст.
Ҷунбиши муқовимати Фаластин (Ҳамос) ҳам аз молики шабакаи иҷтимоӣ Х хоста буд ба Ғазза сафар кунад то ҷиноёти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва вайронаҳои ба бор омада бар асари ҳамалоти ваҳшиёнаи ин режим дар ҷанги Ғаззаро бо чашмони худ бубинад.
Усома Ҳамдон, яке аз мақомоти аршади ҷунбиши исломии Ҳамос дар як конфронси матбуотӣ дар Бейрут гуфта буд: мо аз Илон Маск даъват мекунем то аз Ғазза дидан кунад то мизони кушторҳо ва вайронаҳои анҷомшуда алайҳи мардуми мазлуми Ғаззаро бо меъёрҳои айнӣ ва мӯътабар бубинад.