IQNA

Қуръон чист? / 7

Ҷудокунандаи ҳақ ва ботил

21:12 - December 05, 2023
рақами хабар: 788
Теҳрон (ИКНА) Худованд дар Қуръон чандбор ин китобро василаи ҷудокунандаи ҳақ аз ботил номидааст, ки ин вижагӣ, Қуръонро ба унвони меъёре барои шиносоӣ ҳақ муаррифӣ мекунад.

Қуръон дар чандин сура бо иборатҳои мухталифе, баён кардааст, ки меъёри шинохти ҳақ аз ботил аст. Иборати «фасл» дар ояти 13 сураи Ториқ баён шуда: إِنَّهُ لَقَوْلٌ فَصْل‏‏; “Ин (Қуръон) сухане аст, ки ҳаққро аз ботил ҷудо мекунад”. (Ториқ, 13). Иборати «Фурқон» (ҷудокунандаи ҳақ ва ботил) дар аввалин ояти сураи Фурқон баён шуда: تَبَارَكَ الَّذِى نَزَّلَ الْفُرْقَانَ عَلىَ‏ عَبْدِهِ لِيَكُونَ لِلْعَلَمِينَ نَذِيرًا; “Бузург [ва хуҷаста] аст касе, ки бар бандаи худ, Фурқон [китоби ҷудосозандаи ҳақ аз ботил‏]-ро нозил фармуд, то барои ҷаҳониён ҳушдордиҳанда‏е бошад”. (Фурқон, 1).

Дар маънои вожаи “фасл” омадааст: ҷудо шудан ва ошкор шудан яке аз ду чиз аз дигарӣ аст то инки миёнашон шикоф ва фосила эҷод шавад. Дар бораи вожаи Фурқон ҳам ҳамин маъно баён шудааст.

Шаъни ин сифат он қадр бузург ва дастнаёфтанӣ аст, ки Худованди Мутаол худашро бахотири нозил кардани китобе, ки ҷудо кунандаи ҳақ ва ботил аст, муборак медонад (Фурқон, 1) ва ин нишон ме‏диҳад, ки бартарин хайр ва баракат он аст, ки инсон васила‏е барои шинохт- шинохти ҳақ аз ботил - дар даст дошта бошад.

Дар ҳадисе аз ҳазрати Алӣ (а) аз Пайғамбари Гиромии Ислом нақл шуда, ки барои шинохти ҷанбаҳои дигари ин мавзӯъ, аҳамият дорад:

 انها ستكون فتنة! قلت فما المخرج منها يا رسول اللَّه؟! قال كتاب اللَّه فيه نبا من قبلكم، و خبر ما بعدكم، و حكم ما بينكم، هو الفصل ليس بالهزل من تركه من جبار قصمه اللَّه و من ابتغى الهدى فى غيره اضله اللَّه; “Паёмбар (с) фармуданд: Ба зудӣ фитна‏ҳо дар миёни шумо зоҳир ме‏шавад, арз кардам эй Расули Худо! Роҳи наҷот аз он чист? Фармуд: Қуръон аст, ки ахбори пешинён ва ояндагон ва доварӣ миёни шумо дар он аст, он каломе аст, ки ҳаққро аз ботил ҷудо ме‏кунад, ҷиддӣ аст ва шӯхӣ нест, ҳар ҷабборе онро тарк кунад, Худованд ӯро дарҳам ме‏шиканд, ва ҳаркас ҳидоятро дар ғайри он ҷустуҷӯ кунад, Худованд гумроҳаш ме‏созад!”

Дар ин ҳадис баён мешавад, ки ин сифати Қуръон маҳдуд ба замони хоссе нест, балки дар мавриди ояндагон низ сидқ мекунад. Ин нишон медиҳад, ки мӯҳтавои Қуръон бар асоси фитрати инсон аст ва ниёзҳои инсонро ба беҳтарин шакл посух медиҳад.

Фитрат ба маънои навъи офариниши Худододӣ ва модарзодӣ аст, ки байни ҳамаи инсонҳо муштарак аст. Фитрат он чизе аст, ки боиси гароиши инсон ба сӯи камол мешавад ва инро Худованд дар инсон қарор дода ва чизе нест, ки аз байн рафтанӣ бошад.

Ҳамаи инсонҳо ба адолат алоқаманданд ва ин чизе нест, ки бо гузари замон дар инсон ба вуҷуд биёяд, балки як чизи Худододӣ аст ва ҳамвора ҳамроҳи инсонҳо будааст.

Фазои ҷомеа ҳамеша ором нест ва баъзе авқот дучори фитна мешавад, ба тарзе, ки ҳақ ва ботил онқадр ба ҳам наздик мешванд, ки ташхиси онҳо аз якдигар сахт аст. Дар ин миёна, нақши Қуръон ҷилваи тоза меёбад; Китобе, ки тафовути ҳақ ва ботилро дар ҳамаи замонҳо намоён мекунад.

captcha