IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 19

Рӯзии шумо дар осмон аст

21:28 - December 05, 2023
рақами хабар: 789
Теҳрон (ИКНА) рӯзии ҳақиқӣ дар осмон аст. Ончи дар замин аст, рӯзии ҳайвонияти мост то ҷунбиш кунем ва ба зиндагӣ идома диҳем. Аммо инсонияти мо ниёз ба суфраҳои осмонӣ дорад ва он рӯзии осмонӣ ҳамон зебоӣ ва доноӣ ва некӯӣ аст, ки ҳарсе аз осмон нашъат мегирад.

وَفِي السَّمَاءِ رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ; “Ва савганд ба ончи шуморо ваъда дода шудааст рӯзии шумо дар осмон аст”. (Зориёт, 22).

Яке аз мушкилоти башар дар тӯли таърих то ба имрӯз анвоъи фасодҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, аз зулм ва таҷовуз ва худъа ва тазвир ва дурӯғ ва беинсофӣ ва зӯргӯӣ ва дигар авсофи Аҳриманӣ будааст ва ин ояти кӯтоҳ ба танҳоӣ доруе аст, ки агар мардумон ба табиби он имон оваранд ва худро аз ин дору баҳраманд созанд ҳамаи мушкилоти иқтисодӣ ва ниҳоятан иҷтимоӣ, ки дар ҷаҳон ҳаст ҳамчун зулмат дар баробари нур маҳв мешавад.

Ҳамаи фасодҳо барои афзоиши рӯзӣ ва баҳраи одамиён аз хони густардаи замин аст. Ҳар кас мекӯшад ба ҳар тариқе, ки метавонад баҳраи худро афзӯн кунад ва ҳаттал-имкон коло ва ғизое бар сари ин суфра нагузорад. Эҳсоси аксари мардумон аз рӯйи ғафлат ин аст, ки метавонанд аз ҳар роҳе бар рӯзии худ бияфзоянд, пас мекӯшанд ба дастёрии ҳирс ва мададкории анвоъи найрангҳо ва дурӯғҳо ва таҷовуз ба амволи сағир ва кабири худро ба сарвати бештаре бирасонанд.

Худованд дар ин оят савганд хӯрдааст ба ҳамаи ончи ба одамиён ваъда дода шуда, ки рӯзии ҳамаи мардумон дасти Худост.

Аввалани ин савганд азамати ягона дорад зеро ҳамаи орзӯҳои мардумон дар ҳамаи замонҳоро шомил мешавад. Ба иборати дигар Худованд ба чизе савганд ёд кардааст, ки ҳамаи инсонҳо дар тӯли таърих дар пайи он будаанд ва он биҳишт, асри тилоӣ аст, ки дар асотири тамаддунҳои гуногун омадааст.

Бинобар ин ҳадаф аз кор, афзоиши рӯзӣ нест агарчи, ки Худованд ба баҳонаи он кори моро рӯзӣ медиҳад ба он андоза, ки худ муқаддар фармудааст. Бо ин нигоҳ ҳамаи макрҳо ва ҳилаҳо ва ғоратҳо ва таҷовузҳо нақши бар об мешавад ва аз эътибор меафтад. Зеро ба ҳеҷ рӯйе наметавон бархурдории худро аз неъматҳои олам аз ин шеваҳо афзӯн кард ва агар ин оят бар дилҳои мардумон нозил шавад на онки танҳо бар забони эшон убур кунад онгоҳ ҳодисае шигифт дар зиндагӣ рух медҳад ва он инки ба куллӣ аз чанги ҳамаи ҳилаҳо ва чора андешиҳо, ки чун шайтон бар ишон ҳуҷум овардааст халос мешаванд ва бо камоли ихлос ва муҳаббат дар олам коре мекунанд ва ҳар он рӯзе, ки Худованд ба ишон ато фармуд ба хушнудӣ мехӯранд.

Тафсири дигаре, ки метавон аз ояти « فی السماء رزقکم» дарёфт ин аст, ки рӯзии ҳақиқӣ дар осмон аст. Ончи дар замин аст рӯзии ҳайвонияти мост то ҷунбиш кунем ва ба зиндагӣ идома диҳем. Аммо инсонияти мо ниёз ба моидаҳои осмонӣ дорад ва он рӯзии осмонӣ ҳамон зебоӣ ва доноӣ ва некӯӣ аст, ки ҳар се аз осмон нашъат мегирад.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha