Аз усули муҳимми зиндагии фардӣ ва ҷамъии инсонҳо тарбият аст, тарбият яъне инки инсон битавонад дар ҳолатҳои гуногун гуфтор ва рафтори муносибе дошта бошад то истеъдодҳои худро шукуфо кунад ва ба самти камоли матлуб ҳаракат кунад. Аз ҳамин рӯ Худованди Мутаол тарбияти хубро яке аз вазоифи муҳимми падар ва модар медонад.
Худованд, ки аз падар ва модар нисбат ба инсон меҳрубон тар аст, яке аз усули тарбиятии инсонро ба сурати амалӣ пиёда мекунад. Ин асли тарбиятӣ, роҳбурди дугонаи ташвиқ ва тарсондан аст. Дар ояти 4 сураи Фуссилат мехонем: بَشيراً وَ نَذيراً فَأَعْرَضَ أَكْثَرُهُمْ فَهُمْ لا يَسْمَعُون; “Бишорат диҳанда ва огоҳ кунанда ва ихтор диҳанда ба мардум аст. Вале аксари мардум аз он рӯй бармегардонанд ва ба насойеҳи он гӯш намедиҳанд”. (Фуссилат, 4)
Ташвиқ ва тарсондан ду боли парандаи тарбият ҳастанд, ки ҳар кадом аз ин ду бол набошад ҳеҷ парандае қодир ба парвозкардан нест. Агар ташвиқ зиёд бошад инсон ҳеҷ хатареро дар назар намегирад ва онқадр дар ин хушӣ зиёда равӣ мекунад то инки ба дардисар биюфтад. Агар тарсондан зиёд бошад инсонро маъюс ва но умед мекунад ва баҷое мерсонад, ки инсон ҳатто аз сояи худаш ҳам метарсад ва аслан ҳаракат намекунад.
Қуръон ҳам аз ин рӯй аз ин асл истифода карда то муъминонро ба амали солеҳи бештар ташвиқ ва кофиронро аз зиштии амалашон ва муҷозоти он битарсоанд.
Ба гувоҳии Қуръон ин равиш дар мавриди Паёмбар ҳам ба некӯӣ баён шуда ба тавре, ки дар ҷой ҷойи Қуръон мехонем: إِنَّا أَرْسَلْنَاكَ بِالْحَقّ بَشِيرًا وَ نَذِيرًا; “(Эй Паёмбар) мо туро ба ҳақ, барои бишорат ва бим додани (мардуми ҷаҳон) фиристодем”. (Бақара, 119) аз онҷое, ки ин Қуръон худаш китоби тарбияткунандаи инсон аст ва Паёмбар ҳам мураббии инсонҳост. Ин асл дар мавриди ин ду яъне (Қуръон ва Паёмбар) ба зебоӣ баён шудааст.
Ду намуна аз ташвеқҳо ва тарсонданҳои Қуръон:
Худованд дар ин оят ба кофирон ва мунофиқон ваъдаи оташи ҷаҳаннамро медиҳад ва ин як асли қатъӣ аст, ки Худованд хилофи ваъдаи худ амал намекунад. Ин ҳам аз он ҷиҳат нест, ки Худованд бихоҳад зулме дар ҳаққи онҳо бикунад балки ин мазҳар ва нишонаи адли Худост. Онҳо сазовори ин азоб ҳастанд.
Вақте муъминон ин оётро мехонанд шӯр ва шавқи онҳо барои анҷоми корҳои хуб бештар мешавад ва саъй мекунанд ҷузъи ин афрод бошанд.