ИКНА - Яке аз авсофе, ки дар бораи Қуръон ба кор бурда шуда муборак будани Қуръон аст. Аммо ин сифат ба чӣ маъност ва чаро барои Қуръон ба кор рафтааст?

Худованд дар ояти 50 сураи Анбиё Қуръонро китоби Карим ва бо баракат номида: وَ هذا ذِكْرٌ مُبارَكٌ أَنْزَلْناهُ أَ فَأَنْتُمْ لَهُ مُنْكِرُون; “Ва ин (Қуръон) зикри мубораке аст, ки (бар шумо) нозил кардем оё онро инкор мекунед?!” (Анбиё, 50)
Муборак будани чизе ба ин маъност, ки дар он хайр ва фоидаи бисёр ва суди зиёде ниҳода шуда бошад ва Худованд дар Қуръон чизҳои мисли Қуръон, борон ва... . ро муборак номидааст. Ин фоида ва суд, ки баракат номида мешавад, метавонад дар умури моддӣ ва маънавӣ ҷустуҷӯ шавад.
Барои инки бидонем то чӣ ҳад ин Қуръон мӯҷиби огоҳӣ ва мояи баракат аст, кофӣ аст ҳоли сокинони ҷазираи Арабро қабл аз нузули Қуръон, ки дар ваҳшигирӣ ва ҷаҳл ва фақр ва бадбахтӣ ва парокандагӣ зиндагӣ мекрданд, бо вазъашон баъд аз нузули Қуръон дар назар бигирем, ки улгуе барои дигарон шуданд. Ҳамчунин вазъи ақвоми дигарро қабл ва баъд аз вуруди Қуръон дар миёни онҳо метавонем баррасӣ кунем.
Ҳазрати Алӣ (Алайҳиссалом) бо чанд ташбеҳ, гӯё вазъи мардумро дар асри ҷоҳилият комилан тарсим фармуда; Гоҳ онҳоро ба касе ташбеҳ мекунад, ки дар гирдоби ваҳшатноке афтода ва пайваста фарёд кашида ва кумак металабд, ва гоҳ ба ҳайвоноте ташбеҳ карда, ки зимоми онҳо ба дасти афроди фосид ва муфсиде аст, ки ононро ба сӯи партгоҳ мекашанд, ва гоҳ дилҳои онҳоро шабеҳи махзане медонад, ки қуфли маҳкаме бар дари он хӯрда ва ҳеҷ илм ва дониш ва огоҳӣ ва фазилате вориди он намешавад.
Аз ҷумла корҳое, ки Аъроб (ҷамъи Араб) дар асри ҷоҳилӣ анҷом медоданд:
Инсон то аз вазъияти мардуми қабл аз нузули Қуръон огоҳ нашавад ба бузургии кори Паёмбари Ислом (с) ва баракати Қуръони Карим пай нахоҳад бурд.