Беш аз 500 узви ҳайати илмии донишгоҳи Ҳарвард, ҳимояти худро аз Клавдин Гай, раиси донишгоҳ эълом карданд, ки рӯзи якшанбе ба далели дифоъ аз тазоҳурот дар муҳавватаи донишгоҳ дар ҳимоят аз Навори Ғазза истеъфои иҷбории худро эълом кард.
Аъзои ҳайати илмии ин донишгоҳ пас аз эҳзори раиси донишгоҳ чанд рӯз пеш ба комиссияи омӯзиш ва неруи кори Конгресси Амрико, тӯмореро дар мавриди ҳимояти вай аз Ғазза имзо карданд.
Бар асоси гузорише, ки рӯзномаи "Newsweek" мунташир кардааст, дар ҷаласаи бозҷӯӣ дар Конгресс, теъдоде аз аъзои комиссияи омӯзиши фарохони бархе аз тазоҳуркунандагони донишҷу барои интифозаи ҷадидро таҳрик ва ташвиқ ба иртикоби наслкушӣ алайҳи яҳудиёни Исроил ва саросари ҷаҳон ташбеҳ карданд.
Пас аз онки комиссияи омӯзиши Конгресс аз тавзеҳоти раиси донишгоҳ қонеъ нашуд ва аз ӯ хост то истеъфои худро тақдим кунад, беш аз 500 узви ҳайати илмӣ дар донишгоҳи Ҳарвард гирдиҳам омаданд то ҳимояти худро аз ӯ эълом кунанд.
Онҳо тӯмореро имзо карданд ва шадидтарин муқовимати мумкин дар баробари фишорҳои сиёсие, ки бо озодии донишгоҳ дар Ҳарвард дар тазод астро хостор шуда буд.
Ин рӯзномаи амрикоӣ хотирнишон кард: интизор меравад, ки ҳайати мудираи донишгоҳ, ки муташаккил аз раис ва аъзои донишгоҳи Ҳарвард аст, имрӯз ташкили ҷаласа диҳад ва дар ниҳоят ояндаи шуғлии раиси донишгоҳро таъйин кунад.