IQNA

Қуръон чист? / 12

Тааммуле дар фазилати арабӣ будани Қуръон

18:31 - December 13, 2023
рақами хабар: 819
ИКНА - Яке аз сифоте, ки Худованд, Қуръонро ба он тавсиф карда арабӣ будани Қуръон аст. Аммо забони Қуръон чӣ фазилате аст, ки Қуръон дар бораи он сухан гуфтааст?

Яке аз вижагиҳое, ки Қуръон ба он тавсиф шуда, арабӣ будани он аст. Ин сифат, ки ба забони нузули Қуръон марбут аст, чандбор дар Қуръон такрор шуда, ки нишон аз аҳамияти он дорад: إِنَّا أَنْزَلْناهُ قُرْآناً عَرَبِيًّا لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُون; “Мо онро Қуръони арабӣ нозил кардем, шояд шумо дарк кунед (ва биандешед)” (Юсуф, 2).

Ин ишора дар ояти 113 сураи Тоҳо, ояти 28 сураи Зумар, ояти 37 сураи Раъд, ояти 12 сураи Аҳқоф ва ... Низ баён шудааст. Соҳибназарон маонии мухталифе аз ишора ба забони Қуръон ва арабӣ будани он гуфтаанд:

  1. Забони арабӣ
  2. Сухани равшан: роғиби Исфаҳонӣ дар китоби луғат худи арабиро сухани фасеҳ ва равшан медонад ва дар идомаи мегӯяд: инки Худованд фармуда «حكما عربيا», мафҳумаш ин аст, ки сухане аст равшан ва ошкор, ки ҳаққро собит ва ботилро равшан месозад.

Дар табйини чароӣ арабӣ будани Қуръон метавон гуфт, ки ин забон аз ҷиҳати фасоҳат ва балоғат ва бартарии нисбат ба бақияи забонҳо, дар ин оёт, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Забони Арабҳои Ҳиҷоз бо таваҷҷуҳ ба зиёд будани замирҳо (вожаҳое, ки ҷойгузини як гурӯҳ аз исмҳо мешванд масалан :ӯ, онҳо ва....), тафовути замирҳои мусанно (ду), муфради (як) ва ҷамъ (бештар аз ду), тафовути сиғаҳои музаккар и(мард - нар) ва муаннас (зан - мода) ва доштани анвои гуногуни ҷамъ, доштани киноёт, истиорот ва ... Аз имконоти фаровоне барои баёни бештарин ҳаҷм аз матолиб дар камтарин ҳаҷм аз алфоз, бидуни ибҳомгӯӣ ва норасоӣ бархурдор аст.

Ба унвони мисол забони арабӣ барои ишора ба як мард вожаи махсус дорад: (анта) ва барои ишора ба як зан вожае ба хусус дорад: (анта), аммо дар бисёре аз забонҳо ҳеҷ фарқе байн зан ё мард будан дар ишора нест ва вақте мехоҳем ба як зан ё як мард дар забони форсӣ ишора кунем, мигуйем: (ту) ё (шумо) ҳамчунин дар забони англисӣ мегӯем: (you).

Ё масалан дар форсӣ барои мо теъдоди касоне, ки ба онон ишора мекунем аҳамияти чандоне надорад ва вақте, ки ба як ҷамъи ду нафар ё бештар мерасем мигӯем: (шумо), аммо дар забони арабӣ агар шумо бихоҳед ду нафарро мухотаби худ қарор диҳед, бояд бигӯед: (антумо) ё агар ба як ҷамъи бештар аз ду нафар бирасед, ки ҳамаи онҳо мард бошанд бояд бигӯед: (антум)

Ҷудо аз ин ҷузъ нигариҳое, ки забони арабӣ дорад ва ин забонро дар байни бақияи забонҳо мутамоиз карда, зебоӣ баён ва расо будан аз вижагиҳои дигари забони арабӣ аст.

Ин далоил боис мешавад, ки забони арабӣ аз соири забонҳо бартар бошад ва Қуръон ба ин забон нозил шуда то гӯё ва равшан бошад. Илова бар ин, яке аз далоиле, ки худи Қуръон барои нозил шудан ба забони арабӣ мешуморад, ин аст, ки суннати худо бар ин ҷараён дорад, ки Паёмбарро бар асоси забони он қавм мабъус мекунад, пас Паёмбари Ислом чун дар миёни арабҳо мабъус шуд, пас бояд китобе, ки дар миёни онҳо қироат мекунад, арабӣ бошад.

ءَاعجْمِىٌّ وَ عَرَبى; (Оё имкон дорад) Қуръони ғайри арабӣ аз пайғамбари арабӣ?» (Фуссилат, 44)

Агар дар як нигоҳи таърихӣ ба қабл аз нузул ва баъд аз нузули Қуръон ба вазъияти забони арабӣ нигоҳ кунем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки аъроби ҷоҳилӣ, бисёре аз қавоиди балоғиро мешинохтанд ва баъзе аз онҳо чунон маҳорате доштанд, ки дар байни шуаро қазоват мекарданд ва шеъри хубро аз ғайри он ҷудо мекарданд ва маойиби онҳоро бо такя бар меъёрҳои балоғӣ (интихоби алфоз ва маонӣ ва шеърӣ) баён мекарданд.

Қуръон аз ҳамон арабҳо хост, ки агар метавонанд, як сура мисли сураҳои Қуръон биёваранд, аммо натанҳо онҳо балки дар замонҳои баъд ҳам касе натавонист сурае мисл сураҳои Қуръонро биёварад. Ва ин мисдоқи хубе аст барои табйини ваҳёнӣ будани каломи Қуръон ва илова бар ин фасоҳат ва балоғати Қуръон, ки ҳатто удабои Араб ҳам аз овардани мисли он оҷизанд.

captcha