Ба гузориши манобеи хабарӣ, Муҳаммад Салом Муҳаммадов, муовини раисҷмҳури Русия, тайи суханоне дар нуздаҳумин маҷмаъи байналмилалии мусулмонони Маскав гуфт: теъдоди масоҷиди ин кишвар дар се даҳаи гузашта 60 баробар шудааст.
Дар даврони Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, Ислом ҳамроҳ бо соири адён ба шиддат таҳти кантрол буд ва теъдоди рӯҳониёни ба расмият шинохта шуда нисбатан кам буданд.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, озодии адён ба як ҳаққи қонунӣ дар Русия табдил ва боиси таҷдиди ҳаёти Ислом дар канори соири адён ва дар дараҷаи аввал масеҳияти ортодокс шуд.
Муҳаммад Салом Муҳаммадов, дар ин маҷмаъ гуфт: дар соли 1991, фақат 120 масҷид дар Русия фаъолият дошт ва акнун беш аз 7000 масҷид дар Русия вуҷуд дорад.
Муовини риёсатҷмҳурии Русия ҳамчунин гуфт: ҳар сола болиғ бар 25 ҳазор мусулмони русӣ ба сафари Ҳаҷ мушрраф мешаванд. Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ 350 ҳазор мусулмон аз Русия дар 30 соли гузашта ин сафари ибодиро анҷом додаанд.
Нуздаҳумин маҷмаъи байналмилалии мусулмонон дар Маскав рӯзи 21 озар дар масҷиди марказии Маскав баргузор шуд, ҳуҷҷатулислом Ҳамиди Шаҳрёрӣ, дабири кулли маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ; Умар Форуқ Саворан, мушовири умури мазҳабии сафорати Туркия дар Маскав; Маҳмуд Эрол Қилич, мудири кулли маркази таҳқиқоти Таърих, Ҳунар ва фарҳанги исломи (IRCICA); Муртазо бадр, раиси маркази таҳқиқоти исломии Созмони диёнти Туркия (ISAM) ва ҷамъе аз донишмандон ва шахсиятҳои мазҳабии ҷаҳони Ислом дар ин маҷмаъ ҳузур доштанд.
https://iqna.ir/00HZTd