Ба гузориши манобеи хабарӣ, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар бомдоди ҷумъа дар бораи мизони талафоти ғайринизомиён дар Ғазза дар натиҷаи ҳамалоти ваҳшиёнаи режими Исроил ҳушдор дод.
Дабири кулли Созмони Милал тасреҳ кард ҳаҷми амалиёти низомии Исроил алайҳи Ҳамос ва мизони маргу мирҳо ва тахрибҳо дар Ғазза бесобиқа ва ғайриқобили таҳаммул ҳастанд.
Ӯ ҳамчунин тасреҳ кард вазъият феълӣ дар Ғазза имкони анҷоми амалиётҳои башардӯстона дар ин борикаро ғайримумкин кардааст.
Гутерриш ҳамчунин гуфт Созмони Милал аз ташдиди танишҳо дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ аз ҷумла Қудси шарқӣ нигарон аст.
Вазорати беҳдошти Ғазза рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки шумори шуҳадо аз замони оғози ҳамалоти Исроили ҷинояткор дар Ғазза ба 18 ҳазору 787 нафар расидааст. 50 ҳазор ва 897 нафар ҳам бар асари ин ҳамалот захмӣ шудаанд.
Тибқи оморҳои Созмони Милали Муттаҳид наздик ба 1.9 миллион Фаластиние, ки муодили 85 дарсади ҷамъияти Навори Ғазза аст аз замони оғози ҷанг овора шудаанд.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос дар рӯзи ҳафтуми октябр дар посух ба беш аз ҳафт даҳа ишғоли Фаластин ва наздик ба ду даҳа муҳосираи Ғазза ва зиндон ва шиканҷаи ҳазорон фаластинӣ амалиёти ба номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро оғоз кард.
Ин амалиёт яке аз маргбортарин ҳамалот алайҳи ин режими ҷинояткор ва кӯдаккуш буд. Муборизони Ҳамос дар чанд нуқта аз ҳисорҳои марзӣ ба дохили арозии ишғолӣ нуфуз карданд, ба рустоҳо ҳамла бурданд ва илова ба ҳалокат расондани шумори зиёде аз исроилиҳо, шуморе аз онҳоро ба асорат гирифтанд.
Режими хабиси саҳюнистӣ дар посух ба ин амалиёти муқтадирона, ҳамалоти сангинеро алайҳи мардуми мазлуми Ғазза оғоз кард ва ин минтақаро таҳти муҳосираи комил қарор дод. Бо вуҷуди ин, онтавр ки таҳлилгарон мегӯянд, амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо шикасти амниятӣ – сиёсии бузургеро ба Исроил таҳмил кардааст.
https://tajikpress.com/2023/12/15