Дувумин оят аз сураи Бақара, Қуръони Каримро китобе муаррифӣ мекунад, ки ҳеҷ шакке дар он вуҷуд надорад: ذَالِكَ الْكِتَبُ لَا رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِّلْمُتَّقِين; “Он китоби бо азамате аст, ки шакке дар он роҳ надорад; Ва мояи ҳидояти парҳезкорон аст”. (Бақара, 2)
«لَا رَيْبَ فِيهِ » яъне дар инки Қуръон аз сӯи Худост, шакке нест. Зеро матолиби он ба гунае аст, ки ҷое барои ин шак ва тардид боқӣ намегузорад. Ва инро метавон аз ду ҷиҳат баррасӣ кард:
Нукоте, ки дар ин оят баён шуда, инсонро ба шинохти ҷойгоҳи волои Қуръон мерасонад:
Барои тавзеҳи бештар: гоҳе як шайъ ё чизе наздики мост ва барои ишора ба он мегӯем «ин» ё «ин себ» ва гоҳе чизе дӯр аз мост ва барои ишора ба он мегӯем «он» ё «он кӯҳ». Аммо гоҳе авқот дар адабиёт, барои ишора ба чизе, ки наздики мост аз замири ишораи дӯр ё ҳамон «он» истифода мекунем. Ва ин аз он ҷиҳат аст, ки мақом ва дараҷаи он болост.
Қуръон ба унвони китоби дар миёни мардум, ва як китоби дар дастрас ва наздик аст, аммо вақте Худованд мехоҳад ба ҳақиқати онки хеле баланд мартаба аст ишора кунад мегӯяд «он»
Ин нукта ҷои таъкид дорад, ки Қуръон василаи ҳидояти ҳамаи мардум аст; Аммо фақат касоне, ки ба думболи ҳақиқат ҳастанд ва ботини соф ва поке доранд аз Қуръон истифода мекунанд. Ҳамчун борон, ки вақте дар замини хуррам ва сарсабз меборад, боиси тароват ва тозагӣ мешавад, аммо ҳамин борон агар дар як замине биборад, ки дар он зуболаҳоро ҷамоварӣ карданд, боиси бӯи бад мешавад.