إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَنْ يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَنْ يَشَاءُ وَمَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا بَعِيدًا; “Ҳамоно, ки Худованд намебахшад он касеро, ки ба Ӯ ширк оварад ва ҳар гуноҳи дигаре ғайр аз инро барои ҳар ки бихоҳад мебахшад ва он касе, ки ба Худо ширк оварад бисёр аз даргоҳи раҳмати илоҳӣ дур шудааст” (Нисо,116 ).
Ин башорат, муждаи бахшидани ҳамаи гуноҳон аст, бе шафоати тавба, зеро Худованд мефармояд, ки ширкро намебахшад ва ҳар чи ғайр аз он аст меомурзад ва бадеҳӣ аст, ки агар мақсуд омурзиш бо тавваҷуҳ бошад ширкро низ шомил мешавад. Танҳо нуқтаи нигаронӣ дар оят инаст, ки фармӯдааст гуноҳонро барои ҳар касе, ки Худо бихоҳад мебахшад ва ин низ лутфи илоҳӣ аст, то ҳар касе бияндешад, ки мумкин аст машмӯли назари илоҳӣ қарор нагирад ва гуноҳонаш бахшуда нашавад, пас беҳтар онаст, ки тавба кунад ва ба даргоҳи Худо бозгардад.
Аммо ширк низ чунон гуноҳе аст ки дар маънии васиъе ҳамаи гуноҳонро дар бар мегирад, зеро шарик қоил шудан барои ҳақ майл кардан ба ноҳақ аст ва он сарчашмаи ҳамаи зулмҳо ва гуноҳонаст, зеро одамиён барои расидан ба мақсӯдҳо ба ҷои онки аз ҳақ ва ҳақиқат мадад ҷӯянд мутавассил ба дуруғ ва таҷовуз ва худъа ва найранг мешаванд ва инҳо ҳама шарик қоил шудан барои Худост, зеро гумон дорад, ки дуруғ низ метавонад ӯро ба шӯҳрат бирасонад дар ҳоле ки ҳақ ва ростӣ аст, ки ӯро дар расидан ба шӯҳрати ҳақиқӣ мадад мекунад ва мебинем, ки бахши аъзами зулмҳо аз ҳамин навъи ширки амалӣ аст ва ҳар фасоде дар ҷаҳон ҳаст бо кумак гирифтан аз неруҳои шайтонӣ ва аҳриманӣ аст, пас агар касе аз ширк тавба кунад ба ҳақиқат аз ҳамаи гуноҳон низ тавба кардааст.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.