IQNA

Қуръон чист? / 15

Китобе ки Инҷил ва Тавротро тасдиқ мекунад

22:28 - December 19, 2023
рақами хабар: 840
ИКНА - Худованд дар ояти севум аз сураи Оли Имрон, Қуръонро тасдиқкунандаи (гувоҳи) кутуби осмонии пешин яъне Таврот ва Инҷил донистааст. Маънои ин тасдиқ чист, вақте Қуръон ба унвони китоби осмонӣ ва ваҳёнӣ пас аз онҳо нозил шудааст?

Қуръон дар авоили сураи Оли Имрон яке аз сифоти худро шоҳид будан ва тасдиқ кардани кутуби осмонии қаблӣ медонад ва аз Таврот ва Инҷил исм мебарад: نَزَّلَ عَلَيْكَ الْكِتابَ بِالْحَقِّ مُصَدِّقاً لِما بَيْنَ يَدَيْهِ وَ أَنْزَلَ التَّوْراةَ وَ الْإِنْجيل; “Китобро ба ҳақ бар ту нозил кард, ки бо нишонаҳои кутуби пешин, мунтабиқ аст ва «Таврот» ва «Инҷил»-ро» (Или Имрон, 3)

Ин оят аз ҷумла оёте аст, ки ин гузораро таъйид мекунад, ки назди Худованд Дин, фақат як Дин аст.

Дин фақат яке аст ва он таслимбудан дар даргоҳи Худост: إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلام; “Дин дар назди Худо, Ислом (ва таслим будан дар баробари ҳақ) аст”. (Или Имрон, 19) ва ё дар ҷои дигаре дар Қуръон гуфта шуда: وَ مَن يَبْتَغِ غَير الْاسْلَمِ دِينًا فَلَن يُقْبَلَ مِنْهُ وَ هُوَ فىِ الاَخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِين; “Ва ҳар касе ҷуз Ислом (ва таслим дар баробари фармони Ҳақ,) ойине барои худ интихоб кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд; ва ӯ дар охират, аз зиёнкорон аст”. (Или Имрон, 85)

Ва он чизе, ки дар қолаби Ислом, масиҳият ва яҳудият ва . . Омадааст шариатҳои мухталифе аст, ки лозимаи ҳамаи онҳо таслимбудан дар даргоҳи Худост ва ҳақиқати ин шаройеъ бо ҳам тазод ва таноқузе надорад балки ихтилофоти онҳо дар камол ва нақс аст. Аммо ба шаҳодати Қуръон ихтилофоте ки имрӯза миёни кутуби осмонӣ дида мешавад, натиҷаи эҷоди тағирот (тавассути иддае) дар он кутуб аст. (руҷӯъ шавад ба: ояти 78 сураи Оли Имрон ва ...)

Аммо инки ихтилофоти шариатҳо дар камол ва нақс аст, бояд тавзеҳ дода шавад. Тасаввур кунед, ки шумо 3 китоб ба як ҷавон медиҳед, китоби алифро ба ӯ нишон медиҳед ва ба ӯ мегӯед ин китоб 20 дарсад боиси рушди шумо мешавад, китоббро ба ӯ нишон медиҳад ва ба ӯ мегӯяд, ки ин китоб 45 дарсад боиси рушд ва болорафатни иттилооти умумии шумо мешавад ва китобро ба ӯ нишон медиҳад ва ба ӯ мегӯяд ин китоб 90 дарсад боиси рушди шумо мешавад.

Бо зикри ин мисол мутаваҷҷеҳ мешавем се китоби зикр шуда, боҳам таноқуз ё тазоде надоранд, балки ҳаркадом аз ин китобҳо истеъдодҳои мутафовите барои рушдкардани як фард доранд, пас тафовутҳои ин шариатҳо аз ҷиҳати ин аст, ки истеъдодҳои мутафовите нисбат ба ҳам барои рушди як инсон доранд.

Худованд дар ин оят нузули Қуръонро ҳамроҳ бо ҳақ дониста, ҳақ дар асл ба маъноии (мутобиқат ва ҳамоҳангӣ) аст ва ба ҳамин далел ба ончӣ бо воқеияти мавҷӯд, татбиқ мекунад, ҳақ гуфта мешавад ва инки ба Худованд (ҳақ) ме‏гӯянд ба хотири он аст, ки зоти муқаддаси Ӯ бузургтарин воқеияти ғайри қобили инкор дар олам ҳастӣ аст. Ба иборати дигар: нузули Қуръон ҳамроҳ бо ҳақ яъне ин масъала воқеияти ғайри қобили инкоре аст, ки ҳеҷ ботиле дар он роҳ надорад.

captcha