Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати авқофи Миср дар чорчуби нақши худ дар хидмат ба Қуръони Карим севумин давраи хатми Қуръонро бо ривояти Варш аз Нофеъ Ал-Маданӣ аз тариқи Шотибияро якшанбе ҳафтаи оянда баргузор мекунад.
Севумин хатми Қуръони Карим ба ривояти Варш аз Нофеъ дар ҳошияи сиюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Миср бо ҳузури намояндагоне аз 64 кишвари ҷаҳон дар ин давра аз мусобиқот ва бо иҷрои қориёни мисрӣ баргузор мешавад.
Қориёни аршади мисрии ҳозир дар ин хатм иборатанд аз доктор Аҳмад Нуайнаъ, шайх Маҳмуд Ал- Хишт, шайх Тоҳо Ан-Нуъмонӣ, қорӣ шайх Аҳмад Тамим Ал-Мароғӣ, шайх Муҳаммад Фатҳуллоҳ, қорӣ шайх Юсуф Қосим Ҳаловӣ, қорӣ Аҳмад Иваз Абу Файз, қорӣ шайх Фатҳи Халиф ва қорӣ шайх Маҳмуд Алӣ Ҳасан.
Ин севумин хатми Қуръон ба ривояти Варш аз Нофеъ аст, ки дар соли ҷории мелодӣ аз сӯи вазорати авқофи Миср баргузор мешавад. Ривояти Варш аз Нофеъ то пеш аз вуруди Усмониҳо ба Миср дар қарни шонздаҳуми мелодӣ ривояти роиҷи тиловати Қуръон дар Миср буд, аммо бо ҳузури Усмонҳо рафта рафта ривояти Ҳафс аз Осим ривоҷ ва тасбит шуд, бо ин ҳол ривояти Варш ҳамчунон ривояти ғолиб дар кишварҳои шимоли Африқо аз ҷумла Алҷазоир, Тунис ва Мағриб аст.