IQNA

Хонаводаи Қуръонии Миср муаррифӣ шуд

20:22 - December 25, 2023
рақами хабар: 863
ИКНА - Сиюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Миср, ки рӯзи гузашта, шанбе дар Қоҳира оғоз шуд, бо муаррифии хонаводаи бартар дар бахши хонаводаи қуръонӣ рӯзи нахустро пушти сар гузошт.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, фаъолиятҳои дувумин рӯз аз сиюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Миср, ки рӯзи гузашта, 23 декабр дар Дорул-Қуръони Карим, воқеъ дар маркази фарҳангии пойтахти Қоҳира оғоз шуд, рӯзи шанбе дувумин рӯзи худро пуштисар мегузорад.

Дувумин рӯз аз сиюмин давраи ин рақобатҳо ба риёсати шайх Муҳаммад Ҳашод, раиси иттиҳодияи қориёни Миср ва бархе доварони байналмилалӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.

Дар нахустин рӯз аз ин мусобиқоти баргузидагони бахши шашум аз ин давраи мусобиқот яъне «Хонаводаи қуръонӣ» муаррифӣ шуданд. 

Дар ин бахш, хонаводаи Муҳаммад Саъд Исо бо таваҷҷуҳ ба фаъолиятҳои рӯзи аввал дар бахши шашум, бо касби имтиёзи (92,18) ҷоизае ба маблағи 500 ҳазор фунти мисриро ба худ ихтисос доданд. Ин хонавода шомили се бародар Саъд Муҳаммад Саъд Исо, Саид Муҳаммад Саъд Исо ва Абдулазиз Муҳаммад Саъд Исо ҳастанд.

Ҳамчунин хонаводаи Маҳмуд Аҳмад Маҳмуд Мухлис бо имтиёзи (89,21) дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифтанд ва ҷоизае ба маблағи 400 ҳазор фунти мисриро ба худ ихтисос доданд. Ин хонавода шомили Маҳмуд Аҳмад Маҳмуд Мухлис, Аҳмад Маҳмуд Мухлис ва Миёда Маҳмуд Аҳмад Мухлис ҳастанд. 

Хонаводаи Абдулҳамид Абдулфаттоҳ Абузаҳра бо имтиёзи (88,63) мақоми севумро ба худ ихтисос доданд ва ҷоизае ба маблағи 300 ҳазор фунти мисриро аз они худ карданд ва дар мақоми чаҳорум низ хонаводаи Субҳи Ҷалол Абдуллатиф бо касби имтиёзи (85.48) қарор гирифта ва ҷоизаи 200 ҳазор фунтиро аз они худ карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4189713

captcha