ИКНА - Дар ботини тамоми фарзандони одам вижагии шинохташудае вуҷуд дорад, ки гоҳ боисмешавад мағруртарин афрод ба хорӣ ва зиллат биафтад ва эҳсоси аҷз ва нотавонӣ кунад. Ин вижагӣ чист ва чигуна метавон онро бартараф кард?

Вақте сӯҳбат аз инсон ба миён меояд муҳимтарин муаллифае, ки метавон барои ин мавҷуди зинда ном бурд, ниёз аст! инсон мавҷуде аст, ки дар ҳеҷ даврае аз зиндагии худ мустақил набуда ва дар ҳамаи давраҳо ниёзманди қудрати болотар аст; Дар замони навзодӣ ва кӯдакӣ ниёз ба муҳофизати падар ва модар ва аз замони навҷавонӣ то пирӣ ҳам ниёзманди чизҳои дигаре аст. Пас дар воқеъ танҳо чизе, ки дар зиндагии инсон тағйир намекунад ниёзи ӯст.
Бартараф кардани ниёз, бастагӣ ба шинохти инсон аз он дорад. Ба унвони мисол инсон ниёз ба хӯрдан ва ошомидан дорад, аммо ҳеҷгоҳ ин ниёзро бо ошомидани оби дарё ё хӯрдани зуболаҳои даруни шаҳр бартараф намекунад. Ба ин далел, ки инсон медонад ошомидани оби дарё гарчи ташнагии ӯро рафъ мекунад, аммо ниёзи ташнагӣ ба сурати комил рафъ нашавад ва ин метавонад мунҷар ба бурузи мушкилот шавад.
Пас дар воқеъ инсон ба қудрат ниёзманд аст, ки ба сурти комил ниёзҳои уро бишносад ва ба василае ниёз дорад, ки ба таври комил онро рафъ кунад! Худованди Мутаол китоберо нозил карда, ки ниёзмандиҳои инсонро ба таври комил мешиносад ва агар мардум ба тафсире, ки Аҳли Байт (а) аз он ироа дода амал кунанд ба беҳтарин ваҷҳи ниёзҳои онҳо рафъ хоҳад шуд.
Тибқи як тақсимбандӣ ниёзҳои инсон ба ду гуна тақсим мешавад: